ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ДАЪВАТИ ЗЕЛЕНСКИЙ АЗ ДУНЁ: БА УКРАИНА ҲАРЧӢ ЗУДТАР ВА ҲАРЧӢ БЕШТАР СИЛОҲ ФИРИСТЕД!

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи чаҳоршанбе, 18-уми январи соли 2023, дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), ки дар Давоси Швейтсария баргузор гардид, фосилавӣ баромад намуда, аз муттаҳидони Украина даъват намуд, ки аз “дудилагӣ” даст кашида, ҳарчӣ зудтар Украинаро бо силоҳи ҷангии зарурӣ, аз қабили танк, тӯп ва системаҳои дифоии ҳавоӣ таъмин кунанд, чун ба гуфти ӯ Русия аллакай худро дар сафи гурӯҳҳои террористӣ қарор додааст.

Зеленский гуфт: “Ҷаҳон набояд дар ин масъала калавад, на имрӯз ва на дар оянда. Дунё бояд имрӯз аз як гиребон сар бароварда, бар зидди душмани умумӣ мубориза кунад ва аз кумакҳои низомӣ ба Украина даст накашад. Таъмини Украина бо системаҳои дифои ҳавоӣ маънои онро дорад, ки дар оянда дигар мушакҳои Русия боиси марги аҳолии осоишта дар шаҳрҳои мо намегарданд ва фиристодани танкҳои ғарбӣ ба мо имкон фароҳам меорад, ки бар зидди ҳуҷуми навбатии танкҳои Русия истодагарӣ кунем”.

Коршиносони соҳа дар мавриди пофишории Заленский ба дарёфти танкҳои ғарбӣ таъкид бар он мекунад, ки ин ишораи бевосита бар роҳбарияти Олмон аст, ки то ба ҳол бо гузаштани наздик ба 1 сол иҷоза намедиҳад кишварҳое мисли Полша ва Финландия танкҳои сохти Олмонро, ки бо номи “Леопард” маъруфанд, ба Украина бидиҳанд.

Бар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ, кишварҳо наметавонанд бе иҷозаи давлати истеҳсолкунандаи силоҳ ба тарафи севум силоҳҳои харидаи худро фурӯшанд ва ё диҳанд.

Дар ин нишаст  садри аъзам ё канслери Олмон Олаф Шолтс низ баромад кард ва гуфт, ки “кишвараш ба Украина хеле зиёд кумакҳои низомӣ карадааст ва дар оянда ҳам идома хоҳад дод”. Вале дар мавриди иҷозаи додан ба кишварҳои дигар барои ирсоли танкҳои истеҳсоли Олмон ба Украина чизе нагуфт ва ба суолҳои додашуда дар ин маврид ҳам ҷавобе надод.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи Sùddeutsche Zeitung менависад, ки Олаф Шолтс зимни сӯҳбати телефонӣ ба Ҷо Байден пешниҳод кардааст, ки “агар ҷониби Амрико танкҳои амрикоии навъи “Абрамс”-ро ба Украина фиристад, дар чунин сурат Олмон низ омода аст, ҳам дигарон ва ҳам худаш танкҳои “Леопард”-ро  ба Украина ирсол кунад”.

Дабири кулли паймони ҳарбии НАТО Йенс Столтенберг низ дар Давос қарор дорад ва аз аъзои ин эътилофи низомӣ хост, ҳарчӣ зудтар ба Украина силоҳи заруриро бифиристанд. Ӯ гуфт: “Имрӯзҳо украиниҳо хеле ба яроқ зарурат доранд ва лаҳзаи ҳалкунанда фаро расидааст. Агар мо хоҳем дар ояндаи наздик ба як сулҳе ноил гардем, бояд ҳарчӣ зудтар ва ҳарчӣ зиёдтар ба Украина силоҳҳои зарурӣ фиристода шавад”.

Ҳамчунин Заленский дар нутқи худ афзуд, ки “дар ҷаҳони мутамаддин башарият ба фикри пешрафти илму фанновариҳои нав кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, аммо кишвари террористии Русия бошад, дар ин замон, машғули қатлу куштори инсонҳост”.

Дар идома президенти Украина таъкид намуд, ки “дунё набояд аз ин зиёдтар таҳаммул кунад. Бояд кишварҳои дунё як амале аз худ нишон диҳанд. Ҳарчи сареътар ва бо қотеият. Ба назари ман, Русия аллакай ҷои худро дар байни террористон интихоб кардааст. Аз ин лиҳоз ҳама чиз аз дастгирии шумо ва ҷомеа Русия вобаста аст. Ҷомеаи Русия низ бояд бедор шавад, чашмони худашро кушояд, агар онҳо дар оянда хоҳони зиндагии маъмулӣ бошанд, бояд аз имрӯз дастбакор шаванд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button