ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ АЪЗОИ ДАСТАИ СУҲРОБИ “РИЖИЙ”, КИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО “ДОЛЯ” МЕБАСТАНД (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз боздошти аъзои дастаи муташаккилонаи ҷиноие хабар дод, ки бо истифода аз силоҳ ва бо таҳдиди куштан муҳоҷирони тоҷикро дар Қазоқистон гаравгон мегирифтанд ва маҷбур мекарданд, ки ҳар моҳ аз сари маоши худ ба онҳо таз 200 ҳазор то 800 ҳазор тангаи қазоқӣ (аз 500 то зери 2000 доллар)  “ҳақ” ё “доля” бидиҳанд. Подполковник Нусратулло Маҳмадзода, сардори маркази матбуоти ВКД дар гузоришаш гуфт, вақте ду муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон аз бедодгариҳои аъзои ин даста ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  муроҷиат карданд, рэкетирҳо ба Тоҷикистон бо мақсади фирор аз ҷавобгарӣ гурехтанд, вале дар ин ҷо аз ҷониби кормандони УБОП дастгир карда шуданд:

  1. Ҳасанов Сӯҳробҷон Маҳмадуллоевич, лақабаш “Рижий”, раҳбари даста, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе,
  2. Расулов Рустам Маҳмадалиевич, лақабаш “Рустик”, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе,
  3. Солеҳов Файзалӣ Шералиевич, лақабаш “Федя”, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе,
  4. Одиназода Манучеҳр Мӯсо, лақабаш “Дарвеш”, сокини ноҳияи Қубодиён.

Бино ба иттилои тафтишот, ин афрод ҳамроҳ бо шарики ҷиноятиашон аз Ӯзбекистон Шукуров Ҷовидон Асалбоевич моҳи августи соли 2022 дар шаҳри АлмаАто дар ширкатҳои сохтмонӣ ба кор даромада, дар асл дар бораи дигар муҳоҷирони тоҷик ва макони зисту кори онҳо маълумот ҷамъ мекарданд. Сипас онҳо ягон муҳоҷирро ҳадаф қарор дода, бо роҳи фиреб бо мошини Манучеҳр Одиназода ба қароргоҳи худ меоварданд ва ҳамчун гаравгон нигоҳ дошта, бо роҳи латтукӯб ва таҳдиди куштан  аз тапонча ва табаре, ки бо худ доштанд, муҳоҷири бечораро маҷбур мекарданд, ки ба онҳо ҳар моҳ “ҳақ” бисупорад.

Дар гузориш ду муҳоҷири тоҷике, ки дар сохтмонҳои АлмаАто кор мекарданд, нақл карданд, ки чӣ  гуна бачаҳои “Рижий” онҳоро чандрӯзӣ дар асорат нигоҳ доштанд ва бераҳмона латтукӯб карда, “доля” бастанд.

Ба зидди ин рэкетирҳое, ки ҳамватанҳои худро “ҳақ” баста буданд, бар асоси моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ҳар кадоми онҳо бар асоси ин банди қонун то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

ВКД аз ҳамаи муҳоҷирони тоҷике, ки аз дасти аъзои ин даста ҷабр дидааст, хоҳиш дорад, ки ба мақомот ҳозир шаванд ва ба хотири тантанаи адолат баёнот бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button