ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНАРО ДАР МАКТАБҲОИ ТОҶИКИСТОН ТО 20 ЯНВАР ДАРОЗ КАРДАНД

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 январи соли 2023 хабар дод, ки “бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон” таътили зимистонаи хонандагони мактабҳои миёна ва тарбиятгарандони муассисаҳои томактабӣ (боғчаҳои кӯдакон ва кӯдакистонҳо) то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд. Ин алакай бори дуюм аст, ки ин вазорат муҳлати таътили зимистонаро тамдид мекунад. Тибқи нақша, таътили зимистона мебоист аз 1 то 10 январ давом мекард, вале вазорат ҳафтае пеш бо айни далели сардиҳои хеле сахт таътилотро то 16 январ тамдид карда буд.

Тасмими то 20 январ идома додани таътилоти зимистона дар ҳолест, ки Тоҷикистон инак тақрибан як ҳафта боз дар панҷаи сардиҳои дар 15 соли охир бесобиқа қарор дошта, ҳарорат дар Душанбе шабона то -22 дараҷа ва рӯзона камаш то -11 дараҷа сард мешавад. Ҳавошиносон мегӯянд, тохтутози сардиҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ метавонад то 25 январ давом кунад.

Дар иттиллоияи вазорат аз 14 январ дар мавриди тамдиди таътилоти зимистона чунин гуфта мешавад:

“Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд.

Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегардад.

Соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.

Сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадоранд, ки ҷиҳати тамдиди таътили хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button