ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ВО-АҶАБ! БОЗДОШТИ 6 ЖУРНАЛИСТ БАРОИ НАШРИ ВИДЕОИ ДАР ЭЗОРАШ ТАР КАРДАНИ ПРЕЗИДЕНТ (ВИДЕО)

Дар кишвари африқоии Судони Ҷанубӣ 6 рӯзноманигорро дар робита ба пахш кардани видеои шошидани президенти ин кишвар Салваторе Киир дар маросими расмие боздошт кардаанд. Дар ин бора рӯзи 9 январи соли 2023 хабаргузории Рейтерз  бо такя ба Иттиҳодияи миллии рӯзноманигорони Судони Ҷанубӣ  хабар медиҳад.

Дар сабти видеоие, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, дида мешавад, президенти 71-солаи Судони ҷанубӣ дар ҷараёни маросими ба истифода додани як роҳи нав, дар лаҳзаҳое, ки суруди миллии кишвараш садо медод, дар ҷои исташ дар маҳзари ом ва дар иҳотаи мансабдорони баландмақоми кишвар рост истода, шалвори худро тар мекунад. Ин ҳодиса 15 декабри соли 2022 рух дода буд.

Ба гуфти ҳамсӯҳбати Рейтерз,  “ин қитъаи гузориш ба телевизионҳои давлатӣ роҳ наёфта буд, вале чи гунае ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст”.

Президенти Иттиҳодияи рӯзноманигорони Судони Ҷанубӣ Патрик Оят гуфтааст, ки “дар робита ба ин кормандони расонаи давлатии SSB(South Sudan Broadcasting), наворбардорон Ҷозеф Оливер ва Мустафо Усмон, танзимгар Виктор Ладо, кормандони шуъбаи видеоӣ Якоб Бенҷамин, Чербек Рубен ва Ҷовал Тумбе бо ҷурми паҳн кардани сабти видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир карда шуданд”. 

Ҷумҳурии Судони Ҷанубӣ дар қораи Африқо ҷойгир шуда, пойтахташ шаҳри Ҷубе аст. Ин кишвар  истиқлолияти давлатии худро 9-уми июли соли 2011 аз Судон ба даст оварда буд. Ва аз замони соҳибистиқлолии ин кишвар то ба ҳол президенти ин кишвар Салваторе Киир аст.

Солҳои охир борҳо расонаҳои дохилии Судони Ҷанубӣ хабар медиҳанд, ки вазъи саломатии Киир хуб нест ва замони интихоби президенти нав фаро расидааст, вале мансабдорони баландпояи ин кишвар то кунун қатъиян бемории президентро инкор карда, ҳама гуна хабарҳо дар робита ба вазъи саломатии Киирро сафсата мехонданд. Албатта, то даме ки видеои дар эзораш тар кардани президент ба Интернет роҳ ёфт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button