ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОНЗАН ДАР ТОЛОРИ ДИЛХУШӢ МАРДРО БА ГАП ГИРИФТА, ТЕЛЕФОНАШРО АЗ КИСААШ ДУЗДИДААСТ

Ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 7 январ дар як толори дилхушӣ дар шаҳри Бохтар аз ҷайби як марди 31-сола  телефонашро дуздидааст.

хххххххххх

Сокини 36-солаи ноҳияи Шаҳритӯс ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 7 январ  пинҳонӣ вориди хонаи зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур шуда, аз дохили сандуқи оҳанин 2000 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааст.

ххххххххххххххМарди 39-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, ки пеш ҳам барои қаллобӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки  моҳи майи соли 2022 аз як сокини Ваҳдат бо роҳи фиреб экскаватори тамғаи «Касио», соли бароришаш 2000-ро гирифта, ба дигар кас ба маблағи 12 000 доллари амрикоӣ ба гарав гузошта, пулигирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 09.01.2023

Дастгир гардидани ҷавонзани 21-сола бо ҷурми дуздӣ

018

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 7 январи соли 2023 ҳангоми дар толори дилхушии шаҳри Бохтар қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайбаш телефони мобилии тамғаи “Xiaomi”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 160 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани дуздии маблағ ва ҷавоҳирот

vor-0504

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус аризаи зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардид, ки 7 январи соли 2023 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи оҳанин 2000 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 9 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Даст ба қаллобӣ задани марди қаблан судшуда

035

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 53-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки 2-юми майи соли 2022 марди 39-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад экскаватори тамғаи «Касио», соли бароришаш 2000-ро гирифта, ба дигар кас ба маблағи 12 000 доллари амрикоӣ ба гарав гузошта, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button