ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АКСҲО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДУ ТАРМА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНДРО ЧАНД СОАТ БАСТ

Шаби 9 январи соли 2023, тақрибан соати 00: 10, дар километрҳои 67-ум ва 79-уми роҳи Душанбе – Варзоб (як бахши шоҳроҳи стратегии Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ)  дар паҳлуи даромадгоҳи нақби “Истиқлол” ду тарма фаромада, боиси муваққатан қатъ шудани ҳаракати нақлиёт дар ин қисматҳои шоҳроҳ шуд.

Бино ба иттилои ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки масъулияти нигоҳубини ин роҳи пулакиро бар уҳда дорад, тармаи аввал дар километри 67-ум  бо баландии 8 метр ва паҳнои 40 метр буд ва тармаи дуюм дар километри 79-ум  бо баландии 4 метр ва паҳнои 30 метр.
Хушбахтона, бар асари ин офатҳо касе осеб надидааст ва ягон воситаи нақлиёт тахриб нашудааст, вале дар пайи фурӯрезии тармаҳо ҳаракати нақлиётро дар ин қисматҳои шоҳроҳ муваққатан масдуд карданд.

Ширкат гуфт, бо вуҷуди онки тармаҳо шабона фурӯ рехтанд ва барфрезии шадид идома дошт,  кормандони IRS  бо ҷалби техникаҳои махсус тавонистанд асароти тармаҳоро хеле зуд ва саривақт бартараф ва роҳро аз тӯдаҳои барф тоза кунанд.

Ширкат алакай субҳи 9 январ хабар дод, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истиснои фураҳо ва мошинҳои ядакдор (бо притсеп) тавассути роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз сар гирифта шуд. Соати даҳи субҳи 9 январ IRS хабар дод, ки “ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин гардид!!!

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанак ягона роҳи заминист, ки шимоли ин кишвар (қаламрави вилояти Суғд)–ро бо боқӣ манотиқи Тоҷикистон мепайвандад. Боқӣ роҳҳои заминӣ аз шимоли Тоҷикистон ба дигар манотиқи ин ҷумҳурӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистони ҳамсоя мегузаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button