ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

ШОУМЕНИ ТОҶИК АСЛИШО ДАР БОЗИИ “ПОЛЕ ЧУДЕС” БА ЯКУБОВИЧ БО ДАСТ ХӮРДАНИ ОШИ ПАЛОВ ВА БА ТОҶИКӢ ГУФТАНИ ШИОРИ “ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!”-РО ЁД ДОД (ВИДЕО)

Шоумени шинохтаи тоҷик Аслишо Акимбеков, ки дар Русия ба сар мебарад, дар  нашри солинавии барномаи  машҳури “Поле чудес” “Майдони мӯъҷизаҳо“ дар “Канали якум” дар ТВ Русия иштирок кард. Ин барномаро дар арафаи Соли нав, шаби 30 декабри соли 2022 намоиш доданд.

Аслишо Акимбеков ба ин барнома тоқии бадахшонӣ дар сар ҳозир шуд ва бо чеҳраи кушода, суҳбати ширин ва нирӯи позитиваш хеле зуд тамошобинон ва иштироккунандагони барнома, аз ҷумлаи муҷрии шуҳратёри он Леонид Якубовичро тасхир кард ва ваҷд овард.

Аслишо иштирокаш дар ин барномаро ба гунаи ҳадди аксар барои он истифода бурд, то ба аҳли толор ва  миллионҳо тамошобини телевизиони Русия  меҳмоннавозии тоҷикӣ, як хусусияти асосие, ки тоҷикҳо бо он ифтихор мекунанд, ба намоиш бигузорад.

Аслишо дар оғоз хост, то ба студия “ҳама чизи имконпазирро дароранд”, то ки Якубович дар ҳақиқат худро дар меҳмонии ӯ, яъне дар хонаи Аслишо ҳис бикунад.

Ӯ аз мағзу чағзи бо худ овардааш барои Якубович дастурхони пур аз нозу неъмат орост ва сипас  тибқи анъанаи тоҷикӣ сари китф сачоқ партофта, ба дасташ обрезаку дастоба гирифту ба дастони Якубович об рехт,  то ки меҳмон дастонашро бишӯяд ва бо дастони пок пушти дастурхон бишинад.

Сипас Аслишо ба Якубович нишон дод, ки тибқи анъанаи тоҷикӣ, оши паловро бо дастонаш чӣ гуна бояд бихӯрад. Баъди тановули ош, Якубович аз Аслишо хост, ягон ибораро ба тоҷикӣ барояш ёд бидиҳад. Аслишо ба Якубович шиори машҳури имрӯзҳоро ёд дод ва муҷрии “Поле чудес” чанд дафъа онро  дар эфир ба такрор нидо кард:  «Тоҷикистон, ба пеш! Ба пеш! Ба пеш!»

Вале маълум шуд, ки ин ҳанӯз поёни мӯъҷизаҳои тоҷикӣ дар “Поле чудес” нест.

Баъди бархостан аз сари дастурхон Аслишо нидо кард ки: “Подарки – в студию!” (“Туҳфаҳоро ба студия дароред!”  Якубович бо ишора ба дастурхони пур аз нозу неъмате, ки Аслишо дар студия ороста буд, аз вай пурсид: “Магар ин ҳама туҳфа набуд?” Аслишо гуфт, ки: «На, ин ҳама танҳо дастовез буд. Ҳоло бошад, туҳфаҳоро ба студия дароред!”

Шоумени тоҷик ба тани Якубович ҷомаи зарбофт ва ба сараш тоқии тоҷикӣ пӯшонд ва ба ду бозигари дигар них ҷомаҳои тоҷикӣ ҳадя кард.

Тантанаҳои идона дар “Поле чудес” бо ҳунарнамоии низ хеле зебою ҷаззоби ғижжакнавози машҳур Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур ва ансамбли рақсии “Санам” ба поён расид.

Бисёриҳо навиштаанд, ки Аслишо Акимбеков бо ҳунарнамоии хеле позитиваш дар “Поле чудес” барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хидмати бештар кард, то тарҳу барномаҳои сершуморе, ки бо ҳадафи беҳтар кардани имиҷи ҷумҳурӣ амалӣ мекунанд.

Аслишо Акимбеков дар гузашта дар ТВ Тоҷикистон барномаи пуртамошобини ошпазиро мечархонд. Ӯ соли 2011 ба Маскав кӯчид ва ҳоло дар ин ҷо мудири кулли ширкати консертҳои “CLICKSTARS” ва ширкати “Bazm wedding” аст. Ширкати аввали ӯ ба ташкили консертҳо ва ширкати дуюмаш ба баргузории тӯйҳои шарқиёна дар Русия ва кишварҳои СНГ машғул аст.

Аслишо 3 фарзанд дорад: Зара 8 сол, Карим 4 сол доранд ва Далер ҳамагӣ якунимсола аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button