ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

РУСИЯ КУШТА ШУДАНИ 63 САРБОЗАШРО ДАР МАКЕЕВКА ТАСДИҚ КАРД, УКРАИНА АЗ ҲАЛОКАТИ ТО 400 АСКАРИ РУС ХАБАР ДОД (ВИДЕО)

Вазорати мудофиаи Русия  ҳалокати 63 тан аз ҳарбиёнашро дар натиҷаи ҳамлаи нирӯҳои Украина дар шаби Соли нав дар шаҳри Макеевка дар наздикии Донетск расман тасдиқ кард. Артиши Украина ва бархе каналҳои хабарнигорони ҳарбии тарафдори Русия қаблан аз кушта шудани садҳо аскару афсар дар Макеевка хабар дода буданд. Бино ба гузоришҳо, шаби 31 декабр ба 1 январ дар Макеевка бинои як омӯзишгоҳ, ё ПТУ, ки ҳамчун хобгоҳ ё казарма барои нафарони тоза ба саффи артиши Русия даъватшуда истифода мешуд, ҳадафи ҳамла бо мушакҳои “Ҳаймерс” қарор гирифтааст,

Вазорати мудофиаи Русия дар изҳороташ гуфт: “Режими Киев аз мушакандозҳои HIMARS ба бошишгоҳи муваққатии яке аз воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар ҳудуди минтақаи аҳолинишини Макеевкаи вилояти Луҳанск 6 мушак андохт”.

Вазорати мудофиаи Русия аз ин 6 мушак нирӯҳои зиддиҳавоии Русия дутоашро суқут додаанд, вале 4 мушаки боқимонда ба ҳадаф расида, сабаби марги 63 тан аз низомиёни рус шудаанд. Ин ниҳод нагуфт, ки сарбозони кушташуда ба кадом воҳиди артиш рабт доштанд ва оё аз ҳисоби тоза ба саффи артиш даъватшудаҳо буданд? Қаблан каналҳои дигар хабар доданд, ки дар Макеевка хобгоҳи сарбозони дар ҷараёни маъракаи “мобилизатсия” ё басиҷсозӣ ба артиши Русия даъватшуда ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, идораи иртибототи стратегии артиши Украина дар каналаш дар Телеграм иддао кард, ки дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ дар шаби Соли нав дар Макеев ка 400 нафар еушта ва 300 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҷониби Украина видеои асароти ҳамларо ҳам нашр кард, ки дар он дида мешавад, ки аз бинои омӯзишгоҳ танҳо чанд сутун боқӣ мондаасту халос.

Дар ҳамин ҳол, идораи иртибототи стратегии артиши Украина дар каналаш дар Телеграм иддао кард, ки дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ дар шаби Соли нав дар Макеев ка 400 нафар еушта ва 300 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҷониби Украина видеои асароти ҳамларо ҳам нашр кард, ки дар он дида мешавад, ки аз бинои омӯзишгоҳ танҳо чанд сутун боқӣ мондаасту халос.

<script async src=”https://telegram.org/js/telegram-widget.js?21″ data-telegram-post=”AFUStratCom/11318″ data-width=”100%”></script>

Қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба ном “ДНР” ба хабаргузории ТАСС хабар доданд, ки сабаби ҳамла ба бинои омӯзишгоҳ ё ПТУ дар Макеевка “истифодаи зиёди ҳарбиён аз телефонҳои мобил” дар шаби Соли нав шудааст. Хабарнигорони ҳарбии Русия хабар доданд, ки сарбозони навдаъватшударо дар бинои ПТУ №19 дар кӯчаи Кремлёвская ҷой карда шуданд. Ин бино дар нахустин дақиқаи соли нав бо мушакҳои хеле дақиқи “Ҳаймарс” ҳадафи ҳамла қарор дода шуд.

Сокинони маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки заба дақиқан соати 00:01 ба вақти инҷо зада шуд. Бино ба иттилои ман, ҷониби душман боз ҳам аз мушакандозҳои амрикоии “Ҳаймарс” истифода бурдааст. Ба назар мерасад, ки фармондеҳии олӣ то ҳол аз имконоти ин силоҳ хабар надорад. Умедворам, афроди гунаҳкоре, ки ҷиҳати истифодаи ин бино тасмим гирифта буданд, ҷазо дода мешаванд “, гуфта мешавад дар канали “Неофициальный Безносов “Z”.

Канали тарафдори низомиҳои Русия “Царьград” хабар дод, ки дар чатҳои маҳаллӣ дар бораи ҳалокати “садҳо нафар” суҳбат мекунанд. Канали низ тарафдори Русия бо номи  “Оперативные сводки” дар бораи ҳалокати то 500 нафар хабар дод. Блогери ҳарбӣ Борис Рожин (Colonel Cassad) низ ҳалокати шумори “қобили мулоҳиза”  хабар дод ва навишт, ки “то шоми 1 январ ҳанӯз вайронаҳои ин биноро ҷамъу гир накарда буданд “.

Мобилизатсия ё басиҷсозӣ ба артиши Русия 21 сентябри соли 2022 эълон шуда буд ва тибқи он бояд 300 ҳазор нафар ба саффи артиш даъват мешуд. Сабаби басиҷсозӣ талафоти сангини артиши Русия дар ҷанги Украина ва зарурати ин артиш ба нирӯҳои навбанав баорои идомаи ҷанг гуфта мешуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба ҳисоби бахши русии ББС ва сомонаи “Медиазона”, то 2 январи соли 2023 дар ҷанги Украина алакай дастикам 500 нафар аз сарбозони басиҷшуда кушта шудаанд.  Ин рӯйхатти номбаноми сарбозони кушташуда аст, ки журналистон тартиб додаанд ва он даҳҳо нафари кушташуда дар натиҷаи мушакборони ахир дар Макеевкаро дар бар намегирад, чунки номҳои сарбозони дар Макеевка кушташуда ҳанӯз нашр нашудааст.

Бар асоси гузоришҳои ТВ «Настоящее время»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button