ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 120 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА АВБОШӢ ДАР ДОХИЛИ МОШИНИ “МЕРСЕДЕС”

Сокини 51-солаи шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз соли 2013 аз як сокини шаҳри Ҳисор барои тиҷорат 120 ҳазор доллар гирифта, инак 10 сол боз барнамегардонад.

ххххххххххххххх

Сокини 28-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 1 январ, соати 15:10 дар дохили мошини “Мерседес” ба пойи рости сокини 37-солаи Турсунзода як зарбаи корд задааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 03.01.2023

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

01

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи марти соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ барои тиҷорат 120 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Авбошӣ дар дохили автомашина

70

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки 1-уми январи соли 2023, тахминан соати 15:10-дақиқа, дар дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо ӯ муноқиша карда бо корд як маротиба ба пойи росташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button