ВидеоҶанг дар Украина

ФАРМОНДЕҲИ АРТИШИ УКРАИНА: 40% ЗАМИНҲОИ ҒАСБКАРДАИ РУСИЯРО БАРГАРДОНДЕМ

Қувваҳои мусаллаҳи Украина то имрӯз алакай 40 дар сади минтақаҳои баъди 24 феврали соли 2022 ишғолкардаи Русияро бозпас гирифтаанд. Дар ин бора рӯзи 3 январи соли 2022 фармондеҳи артиши Украина генерал Валерий Залужний дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст.

“Дар тӯли ин 10 моҳи ҳамлаи ғосибонаи Русия ба хоки Украина, ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина муяссар гардид, ки 28% минтақаҳои худро, ки Русия аз соли 2014 то соли 2022 бар иловаи Қрим, ДНР ва ЛНР ғасб карда буд, озод кунад”, менависад генерал Залужний.

Фармондеҳи 49-солаи артиши Украина инчунин менависад, ки “пас аз озод кардани шаҳри Херсон аз тасарруфи қувваҳои истилогари рус ба мо муяссар шуд, ки масоҳати қаламравҳои озодшудаи Украинаро ба  наздики 40 ҳазор километри мураббаъ бирасонем”.

Ӯ ёдовар шудааст, ки то санаи 2-юми январи  соли 2023, хатти ҷабҳаи ҷанги байни Русияву Украина қариб то ба 4 ҳазор километр тӯл мекашад ва амалиёти ҷангӣ дар 1500 километри он бо шиддат идома дорад. 

Генерал Залужний афзуд, ба нерӯҳои украинӣ муяссар гаштааст, ки ҳудуди 1300 гектарро аз минаҳои гузоштаи артиши рус тоза карда, 41 ҳазор минаҳои зидди инсонӣ ва зидди танкро безарар гардонанд.

Ҳамзамон дар тӯли ин 10 моҳ артиши Украина 600 ҳазор нафар аз аҳолии осоиштаро ба ҷойҳои бехафв кӯчонида, 2 миллион тонна кӯмакҳои башардӯстона мисли ғизо ва маводи дорувориро ба аҳолии минтақаҳои осебдида аз тасарруфи Русия фиристодааст. 

Дар ҳамин ҳол низомиёни украинӣ мегӯянд, ки талошҳои худ барои аз дасти Русия бозпас гирифтани заминҳои ишғолшударо ҳамчунон идома медиҳанд.

Русия санаи 24-уми феврали соли 2022 бо баҳонаи “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба хоки Украина ҳамла намуда, хостори тағйири низоми сиёсӣ дар Украина шуд. 

Ба ҳисоби Созмони Милал, то 27-уми декабри соли 2022  дар Украина наздики 7 ҳазор аз сокинони оисшта кушта ва тақрибан 11 ҳазор нафар маҷруҳ шудаанд.

Санаи 2-юми декабри соли 2022 Михаил Подоляк, мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина гуфт, “аз аввали ҳуҷуми мусаллаҳонаи Русия ба хоки Украина то ба ин дам, дастикам аз 10 то 13 ҳазор сарбози Украина дар майдони ҷанг талаф ёфтаанд”.

Ҷониби Русия бошад, моҳи сентябри соли 2022аз кушта шудани зери 6 ҳазор аскару афсарашро тасдиқ карда буд ва дигар дар бораи талафоташ ягон омор надод. Вале ин рақамро ҳам аксарияти коршиносон ва мақомоти истихбороти кишварҳои гуногун зери суол мебаранд ва мегӯяд,  талафоти ҷониби Руися дар асл чандин маротиба зиёдтар аз ин аст.

Бахши русии BBC зимни як таҳқиқоти дастаҷамъона бо дигар расонаҳо ва бар пояи суҳбатҳо бо хешу табори кушташудагони ҷанг рӯйхатти беш аз 9300 нафари кушташуда аз ҷониби Русияро дар ҷанги Украина нашр кард ва навишт, шумори воқеии талафоти Русия метавонад ҳатто ду маротиба бештар аз ин бошад.

Раҳбари Идораи марказии ҷосусии Амрико ҳанӯз моҳи июли соли 2022 талафоти Русияву Украинаро тақрибан ҳамсон ва дар умум дар давру бари 30 ҳазор нафар аз ҳарду ҷониб рақам зада буд. Уилям Бёрнс гуфта буд, талафоти Русия дар Украина то моҳи июл, яъне дар 5 моҳи аввали ҷанг, тақрибан 15 ҳазор кушта ва наздики 45 ҳазор захмиро ташкил медиҳад. Раҳбари Идораи марказии ҷосусии Амрико гуфт, талафоти Украина каме камтар аз талафоти Русия аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button