ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

БОВАРНОКАРДАНИСТ, ВАЛЕ МАНИЖАИ ДАВЛАТ БА СИННИ 40 РАСИД! (ВИДЕО)

Боварнокарданист, вале Манижаи Давлат, яке аз ситораҳои аз ҳама тобони эстрадаи тоҷики солҳои аввали асри 21, рӯзи 31 декабри солли 2022 ба синни мубораки 40 расид. Бо онки Манижаи Давлат ҳанӯз 16 сол пеш, вақте ки ҳамагӣ 24 сол дошт, бо сабабҳои то кунун асроромез тарки саҳна кард, ҳамчунон дар ёди мухлисони сершумор бо садои ширадору адо ва иҷрои ҷаззоби худ боқӣ мондааст ва саффи тамошобинону шунавандагони таронаҳояш, тавре аз оморҳои Ютубу шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, кам шуданӣ нест.

Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби рақами 8-уми шаҳри Кӯлоб ва соли 2006 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Манижаи Давлат дар соли 2001 ба саҳна омад ва дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз овозхонҳои раддаи аввали эстрадаи тоҷик табдил ёфт. Дар ибтидои солҳои 2000 таронаҳои Манижаи Давлат се сол паиҳам ҷоизаҳои озмуни “Суруди сол”-ро ба даст оварданд.

Манижаи Давлат дар баробари Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова аз ангуштшумор намояндагони насли нави овозхонони зан аз Тоҷикистон аст, ки берун аз Тоҷикистон, бахусус дар Афғонистону Эрон, Узбекистон ва дар минтақаҳои тоҷикнишини Чин шинохта шудаанд.

Аммо баъди ҳамагӣ се соли ҳунарнамоӣ, вақте шӯҳрати Манижаи Давлат дар нуқтаи авҷаш қарор дошт, ӯ ба таври ногаҳонӣ тарки саҳна кард ва ҳиҷобпӯшу гӯшанишин шуд. Манижа то ҳол дар ягон ҷо ошкор накардааст, ки сабаби чунин якбора ва ногащонь тарки саҳна карданаш дар соли 2006 чӣ ё кӣ буд?

Аммо мухлисонаш то ҳол умедворанд, ки ин ситораи нотакрори ҳунари тоҷик як рӯз ҳатман тарки гӯшанишинӣ хоҳад кард ва бо сели таронаҳои наву бо он садои марғубаш дигарбора ба саҳна бар хоҳад гашт.

Мухлисон аз Манижаи Давлат  даъват карданд, ки ба рағми ҳама марду номард ба саҳна баргардад. Чандин овозхон, аз ҷумла Раҳмия Аюбӣ ва Қаҳрамон Шарифзод бо чунин мазмун тарона нашр карданд, журналист Мирзоҷони Фархорӣ ваъда дод, ки агар Манижа ба саҳна баргардад, дар 7 гӯшаи гуногуни Тоҷикистон 7 дег ош монда, ба мардум оши худоӣ медиҳад.

Орзу Исо ҳам чанд сол пеш шеъре навишта буд бо номи “Ба хоҳарам Манижа”, ки аз ҷумла чунин мисраъҳо дошт:

Аз дили хилвати берангу хамӯш
Хоҳарам, хез, кушо равзанаро!
Лобалои ҳама номард ва мард
Хоҳарам, хез дигар, саҳна баро!

Аммо бо вуҷуди ин ҳама даъватҳо Манижаи Давлат дигар ба саҳна барнагашт ва сабаби рафтанашро ҳам шарҳ надод.

Вале дар солҳои гӯшанишиниаш Манижаи Давлат оҳангҳои зиёде эҷод кардааст, ки овозхонҳои шинохтае, ба мисли Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳринигори Рустам, Ҷонибеки Мурод, Баҳроми Ғафурӣ, Зайнура Пӯлодова ва дигарон иҷро мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button