ВидеоМуҳоҷирон

ДОДГОҲИ РУСИЯ НИКОҲИ БОЗ ЯК МАРДИ ТОҶИКУ ЗАНИ РУСРО ҚАЛБАКӢ НОМИДУ БЕКОР КАРД

Додситонии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Саратови Русия рӯзи 26 декабри соли 2022 хабар дод, ки бо талаби ин идора, додгоҳи маҳаллӣ ақди никоҳи байни як шаҳрванди Тоҷикистон ва як зани сокини Саратовро “қалбакӣ” эътироф карда, бекор кардааст. Додситонӣ мегӯяд, ин марди тоҷик дар ивази кумаки молиявӣ танҳо ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани  шаҳрвандии Русия бо он зан издивоҷ карда буд ва дар асл бо ӯ зиндагии муштарак надошт.

 Ақди никоҳи ин марди тоҷик бо зани сокини Саратов моҳи июли соли 2019 дар шуъбаи ЗАГСи ноҳияҳои Фрунзе ва Волжскийи шаҳри Саратов расман сабт шуда буд.

Ин марди тоҷик ва ҳамсари ҳамакнун собиқи ӯ барои шарқи қазия дастрас нестанд, вале додситонии ноҳияи Фрунзе мегӯяд, ки он зан гӯё дар ҷараёни бозпурсиаш иқрор кардааст, ки ҳанӯз ҳангоми шинос шуданашон, он марди тоҷик ба ӯ фаҳмондааст, ки ин ақди никоҳ барояш танҳо барои осонтар гирифтани шаҳрвандии Русия лозим  аст. Дар ивази ақди никоҳ марди тоҷик ба он зани рус кумаки молиявӣ мерасондааст.

Додситонӣ мегӯяд, баъди ақди никоҳ ин ҷуфт ҳамроҳ зиндагӣ намекарданд ва хоҷагии муштарак пеш намебурданд. Ба ин далел, додситонӣ ба хулосаи омадааст, ки ин никоҳ қалбакист, чунки бо мақсади ташкили оила баста нашудааст. Додситонӣ бар пояи ин хулосаи худ аз додгоҳ хостааст, ки ақди никоҳи ин марди тоҷикро бо зани сокини Саратов бекор кунад ва додгоҳи ноҳияи Фрунзе ин дархостро қонеъ гардондааст.

Ин нахустин мавриди ба ақди никоҳҳои қалбакӣ айбдор шудани зодагони Тоҷикистон дар Русия нест. Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар ин авохир додгоҳҳои Русия  даҳҳо никоҳи шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони хориҷиро қалбакӣ дониста, бекор кардаанд.

Танҳо дар соли 2021 беш аз 103 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, дар 9 моҳи аввали соли 2022 алакай наздики 120 ҳазор нафари дигар аз тоҷикистониҳо шаҳрвандии худро ба русӣ иваз карданд. Дар умум, аз аввали асли 21 алакай тақрибан як миллон нафар аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ҳазорон нафари онҳо аз тариқи издивоҷ бо сокинони Русия тавонистаанд соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button