ҒОРАТГАРӢ ДАР ИСФАРА ВА ДУЗДИИ 26 САРАКИ ФАВВОРАҲОИ АТРОФИ “КОХИ НАВРӮЗ”

Сокини 33-солаи қаблан ҳам судшудаи шаҳри Исфара ба он айбдор мешавад, ки шоми 22 декабр, тахминан соати 17:20, дар ҳолати мастӣ бо тариқи зӯроварӣ аз дасти зани 33-солаи сокини шаҳри мазкур телефони мобилии тамғаи «Редми 11»-ро кашида гирифтааст.
ххххххххххххххххххх
Навраси 14-сола ва ҷавони 18-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 24 декабр 26 сараки фаввораҳои гирду атрофи “Кохи Наврӯз”-ро дар маркази пойтахт дуздидаанд.
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 26.12.2022
Дастгир гардидани марди ғоратгар дар шаҳри Исфара

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 22-юми декабри соли 2022, тахминан соати 17:20-дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо тариқи зӯроварӣ аз дасти зани 33-солаи сокини шаҳри мазкур 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми 11»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани ҳолати дуздӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия навраси 14-сола ва ҷавони 18-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 24-уми декабри соли 2022, ҳангоми дар ҳудуди хиёбони И.Сомонии пойтахт қарор доштанашон аз гирду атрофи «Кохи Наврӯз», 26-адад саракҳои фаввораҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.