ВидеоТоҷикистонҶомеа

СОКИНИ ЗАФАРОБОД БАРОИ ЧӢ ЗАНУ ФАРЗАНДИ ХУРДСОЛАШРО КУШТ? (ВИДЕО)

Маркази матбуоти РВКД вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” бархе тафсилоти зану фарзанди хурдсолашро бо як бераҳмии хос куштани як сокини 37-солаи ноҳияи Зафарободро нашр кард.

Акбар Шарифӣ, муҷрии ин барнома ва сардори маркази матбуоти милитсияи вилояти Суғд гуфт,  сокини шаҳраки Меҳнатобод Зокир Аъзамов шаби 28 ноябри соли 2022 ҳамсари 36-солааш Аъзамова Фирӯза ва фарзанди нӯҳсолааш Аъзамов Сайёдҷонро кушта, сипас ҷасади ҳардуро оташ задааст. Зокир Аъзамов дар пайи ин амали ваҳшиёна аз ҷои ҳодиса фирор кардааст ва ба кормандони милитсия танҳо баъди чор рӯзи ҷустуҷӯ муяссар шудааст, ки ӯро дастгир кунанд.

Акбар Шарифӣ мегӯяд, субҳи 28 ноябр, вақте ҷасади модару фарзанди ягонаашро пайдо карданд, хеле зуд маълум шуд, ки онҳоро аввал кушта ва сипас барои пӯшондани изи ин ҷинояти мудҳиш сӯзондаанд. Ҳамин тавр, тафтишот хеле зуд ангушти иттиҳомашро ба сӯи сардори ин хонавода Аъзамов Зокир Эшонбобоевич, соли таваллудаш 1985 баланд кард.

Бино ба иттилои тафтишот, Зокир Аъзамов, ки дар шаҳри Конибодом мардикорӣ мекард, хеле кӯшиш карда буд, то ҷинояташ пинҳон бимонад. Ӯ аз ҷумла рӯзи 27 ноябр аз бозори ноҳияи  аз Зафарбод дури Бобоҷон Ғафуров як табар ва аз сокини дигари он ноҳияи бензин харида, тахминан соати нӯҳи шаб бо мопед ба хонааш ба шаҳраки Меҳнатобод меояд.

Ӯ табари харидааш ва 3 литр бензинро бо худ мегирад. Зокир Аъзамов мегӯяд, барои он шабона ва бо мопед омад, ки ягон кас аз ҳамсояҳо омаданашро набинанд. Ӯ ҳамин тавр, аз сари девор вориди хона шуда, дар ҳуҷраи хоб ба ҳамсару фарзанди ягонааш ҳамла кардааст.

Зокир Аъзамов дар ин гузориш гуфт, ҳамсарашро аз ғояти рашк куштааст.  Қаблан гуфта мешуд, ки ин сокини Зафаробод фарзандашро барои он куштааст, ки ӯ бо телефон ба бобояш занг зада, дар бораи модарашро куштани падараш хабар додааст.

Ба Зокир Аъзамов барои ин ҷинояти мудҳиш то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Моддаи 104 барои чунин куштор ҳукми қатлро ҳам пешбинӣ мекунад, вале аз соли 2004 дар Тоҷикистон рӯи судур ва иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон шудааст.

Вақтҳои охир, дар пасманзари афзоиши ҳодисаҳои кушторҳои даҳшатнок, аз ҷумла куштори кӯдакони хурдсол, дар ҷомиаи Тоҷикистон садоҳое баланд мешаванд, ки ҳукми қатлро нисбат ба қотилон ва онҳое, ки ба номуси кӯдакон таҷовуз мекунанд, барқарор кунанд.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешовандони наздик, аз ҷумла падару модарон аз ҷониби фарзандони онҳо хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Ин дар ҳолест, ки дар байни мардуми тоҷик эҳтироми падару модар арҷи вижае мегузоранд ва ҳатто сухани баланд задан нисбат ба волидон ё даст бардоштан ба тарафи онҳоро сахт маҳкум мекунанд.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангин, ба мисли қатли падару модарро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл меноманд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button