ВидеоФарҳанг

ПИРӮЗИИ ШЕЪРИ ДАВЛАТ САФАР ВА НОРОЗИГИИ ФАРИДУНШОҲ ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ШЕЪРУ ТАРОНА ДАР ВАСФИ ПОЙТАХТ

Рӯзи 20 декабри соли 2022 дар “Кохи Суруш” дар шаҳри Душанбе озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” натиҷагирӣ шуд. Ин озмун дар номинатсияҳои “Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахт”, “Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахт” ва “Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”баргузор гардида, довталабон дар озмун дар се категория: аз 11-сола то 17-сола, аз 18-сола боло ва эҷодкорони касбӣ ширкат намуданд.

Дар номинатияи шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Тоҷикистон дар озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” шеъри шоири шинохтаи тоҷик ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар сазовори ҷойи аввал дониста шуд.

Шеъри Давлат Сафар дар васфи Душанбе ин аст:

Бӯи биҳишт ояд аз гулшани Душанбе,

Аз боди мушкбези пероҳани Душанбе.

Дар шаб чи метавон дид аз шабчароғи кӯча?

Маҳтоб хайма дорад дар домани Душанбе.

Чун қулла сар кашида ҳар хонаи баландаш,

Афлок нур гирад аз гулхани Душанбе.

Бо Шаҳсутуни Парчам пайваст боми афлок,

Боланд аз ин ҳамеша мову мани Душанбе.

Девори пойдораш гардид Шаҳриёраш,

Бо РУСТАМ аст эмин ҷону тани Душанбе.

Ин тоҷи Тоҷикистон, ин тахти фазлу ирфон,

Шаҳри дили ману ту шуд Меҳани Душанбе.

Раҳҷои мармаринаш, симои нуқрагинаш,

Сад розро кушояд аз махзани Душанбе.

Ин шаҳр беназир аст, зебову дилпазир аст,

Зебад нишони тилло дар гардани Душанбе.

Ва аммо овозхони ҷавон Фаридуншоҳ Иброҳимзода дар саҳифааш дар Фейсбук аз натиҷаҳои озмуни таронаҳои беҳтарин дар васфи пойтахт изҳори норозигӣ кардаву доваронро ноҳаққию беадолатӣ ва ҳатто ба фасодкорӣ айбдор кардааст.

Ӯ менависад: “Барои ин озмун ман шеъреро оҳанг баста будам, ки ба низомномаи озмун мувофиқат карда ва ҳама ин зебоиву пешравиҳое, ки Душанбеи имрӯза дораду бо заҳматҳои раиси шаҳри Душанбе тааллуқ дошт,  дар ду марҳила ҷои аввал гирифтам ва дар (озмуни) шаҳрӣ омадам, умуман ба инобат нагирифтанд…. Маълум мешавад, ки ман бояд 50 фоизи маблағи озмунро ба ягон ҳайъати камиссия ваъда медодамОзмунҳоро эълон мекунанд, аъзои комиссия беҳад ноҳақӣ ва беадолатӣ мекунанд. Афсӯс, ки роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат ё инки раиси шаҳри Душанбе аз ин ҳолатҳо бехабаранд, аксарияти ҷавононро дилшикаста мекунанд ин аъзои комиссия…

Аммо Фаридуншоҳ Иброҳимзода барои исботи ин даъвоҳояш далеле наовардааст ва таронаи таҳиякардаашро ҳам дар маҳзари муҳокимаи умум нагузоштааст, то корбарон баҳо бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button