ВидеоФарҳанг

НУРАЛӢ ХОРКАШЕВ НИЗОМ ҚОСИМРО БА ДУЭЛ ДАЪВАТ КАРДААСТ: ҲАР КӢ МОРО МЕКУШАД, БО ШЕЪРБОРОН, ЗИНДА БОД!

Нуралӣ Хоркашев, шоири тоҷик рӯзи 21 декабри соли 2022  бо нашри як матлаб бо номи “Даъват ба дуэли шеър” аз кори ҳайъати доварони озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” изҳори норозигии шадид карда, раиси ин ҳайъати ҳакамон раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба мусобиқаи якбаяки шеърӣ даъват кардааст.

Нуралӣ Хоркашев менависад, ба озмун 8 шеър ва 4 дубайтии дар васфи пойтахт навиштаашро пешниҳод карда, навиштааст: “Ҳанӯз ҳам бар он боварам, ки агар устод Рӯдакӣ зинда мебуданду ин шеърҳоро мехонданд, ҳадди ақал ба се-чор шеъри ман Аҳсант гуфта, каф мекӯбиданд))”.

Аммо, ба фарқ аз Рӯдакӣ, ҳакамони озмун, бино ба навиштаи Нуралӣ Хоркашев,  “ ба мо на иҷозати хондани шеърҳоямонро доданд ва маълум мешавад, ки худашон ҳам он шеърҳоро нахондаанд…” Ӯ меафзояд, ки барои ҳар довталаб ҳамагӣ як дақиқа вақт ҷудо карданд, ки кофӣ набуд: “О, мемондед, иштирокчиён ақалан ду-се шеъри худро мехонданд, осмон ба замин намечаспид ку… Сабт мешуд ва дар таърих мемонд”.

Муааллиф бар ин аст, ки дигар ҳама ҷанҷолу шикояту нависонавис беҳуда аст, зеро “то имрӯз дар ин гуна Озмунҳо касе ба доди касе на расида аст ва на мерасад!”

Ба ин далел, Нуралӣ Хоркашев раиси ҳайъати ҳакамон Низом Қосимро ба муҳорибаи як ба яки шеърӣ даъват кардааст: “Ман боэҳтиромона Сардори ҳакамони озмун, Раиси ИНТ, Шоири Халқии Тоҷикистон устод Низом Қосимро ба мусобиқаи 1Х1 ШЕЪР даъват менамоям. Бигзор дар васфи Душанбе 1 ғазал эшон ва 1 ғазал ман нависам… Агар бохтам, тамоми ашъори то имрӯзаи худро ба дарёи Душанбе афканда, тарки шеъру шоирӣ мекунам, аммо агар баранда шудам, ба ҳакамони дигар Озмунҳо дарси ибрат мешавад ва дигар ғиромбозӣ намекунанд.

Ягона хоҳишам ин аст, ки қазоватгар аъзои ИНТ набошад.

Зеро, дақиқан ин ҷо ҳам ғиромбозӣ мешавад!

Аз ин қабл Фаридуншоҳ Иброҳимзода, як овозхони ҷавон низ ҳайъати ҳакамони озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”роба ноҳаққию беадолатӣ ва ҳатто ба фасодкорӣ айбдор кард.

  Низом Қосим ва дигар аъзои ҳайъати ҳакамони озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”  то кунун ба ин шикоятҳо посух надодаанд.

Даври ниҳоии озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”рӯзи 20 декабр дар Кохи Сурӯш ҷамъбаст шуд ва 33 нафар аз байни 160 довталаб баранда эълон шуданд.

Нуралӣ Хоркашев дар поёни матлаби худ ҳамаи 8 шеър дар васфи Душанбе навиштаи худро, ки ба озмуни  “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” пешниҳод карда буд, нашр карда, қазоватро ба хонандагон ҳавола кардааст.

ДУШАНБЕ

(суруд)

Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе,

Маро ширинтар аз ҷонӣ, Душанбе.

Ту мерос аз ниёгони ман астӣ,

Ту шаҳри илму ирфонӣ – Душанбе.

Ту рамзи Оли Сомонӣ, Душанбе,

Мароми Тоҷикистонӣ, Душанбе.

Канорат гарм чун домони модар,

Туи ойнадори ҳусни кишвар.

Ба зери чатри сулҳи шаҳрдорӣ,

Ҳама мардум ба ҳам ёру бародар.

Ту шаҳри нангу имонӣ, Душанбе,

Паёми Тоҷикистонӣ, Душанбе.

Хуҷанди ман, Бадахшони ман астӣ,

Ҳисору Суғду Хатлони ман астӣ.

Ту Ванҷию Зарафшониву Кӯлоб,

Тамоми Тоҷикистони ман астӣ.

Шукӯҳи Тоҷикистонӣ, Душанбе,

Ту рӯҳи Тоҷикистонӣ, Душанбе.

ШАҲРИ ОФТОБ

Эй шаҳри Офтоб, Душанбеи нозанин,

Зеботар аз ту нест дигар ҷой дар замин.

Атри насими субҳ паёми саодат аст,

Як умр дар канори ту будан фароғат аст.

Ҳар ҷода нурбор, ҳама роҳ ғарқи гул,

Ҳар боғ бо ишора бихонад, биё, духул.

Аз ҷаҳду бо талошу такопӯи Пешво,

Амнӣ мисоли домани модар барои мо.

Азбаски сокинони ту доранд қалби меҳр,

Зеботари ту нест дар ин гунбади сипеҳр

Зангист ё сафед, ироқист ё зи Чин,

Гӯяд ба шаҳриёри ту сад бор офарин.

Эй шаҳри нур, бош ҳаме сабзу лолагун,

Ҳар ки нигоҳи каҷ ба ту дорад, шавад забун.

ЯК ШАҲРИ ҒАРҚИ НУР

Аз кӯчаҳои шаҳр,

Чун чанд сол пеш,

Имшаб қадам задам,

Ғарқи хаёли хеш.

Ҳар сӯ ба ҷодаҳо,

Буд шодию сурур.

Як шаҳр ғарқи ишқ

Як шаҳр ғарқи нур.

Фаввора дар ҳаво

Аз оби нилгун.

Ҳар тифли даври ӯ

Шодӣ кунад фузун

Гулдухтарони шӯх

Кокул ба пеши бар

Андар канори ту

Эмин зи ҳар хатар.

Эй шаҳри некбахт,

Маъвои Тоҷикон

Бошӣ ҳамешагӣ

Дар сулҳу дар амон.

Аз он ки сарварат

Некӯйтинат аст

Ҳар ҷода дилкушо

Чун боғи ҷаннат аст.

ХИРМАНИ МАҲТОБ

Файз аст ҳама хирмани маҳтоби Душанбе,

Заррез бувад панҷаи афтоби Душанбе.

Савганд ба истораи рӯшан, ки бигӯяд,

Аз ишқ сухан дидаи бехоби Душанбе.

Сабз аст ҳама ҷодаву гулгашту хиёбон

Аз пайки сафоовари Варзоби Душанбе.

Гардида ҷавон ёди муҳаббат кунад аз нав

Пире бикунад нӯш гар аз оби Душанбе.

Бар ҷониби дарё, ки равӣ бод ба гӯшат

Бо ноз бихонад ғазали ноби Душанбе.

ДАР ВАСФИ ДУШАНБЕ

Чу раҳбар пайрави роҳи падар гашт,

Ба кори неку хайраш шӯҳравар гашт.

Зи файзи оини созандаи ӯ,

Душанбе боғшаҳри гулбасар гашт.

-\-\-\-\-\-

Самояш моҳтобӣ, пурситора,

Ҳавояш медиҳад умри дубора.

Биойи кӯчаи сабзи Душанбе,

Ба чашми дил намо бар ӯ назора.

-\-\-\-\-\-

Бадахшон аст, Хатлону Хуҷанд аст,

Душанбе боғшаҳри дилписанд аст.

Дилоро ҳаст, обод аст, зебост,

Макони мардумони сарбаланд аст.

-\-\-\-\-\-

Бувад пайванд мисли риштаи ҷон,

Зи Хатлон то Бадахшону Зарафшон.

Барои Миллати фархундаи ман,

Душанбе ҳаст қалби Тоҷикисон.

ДЕВОРИ ДУШАНБЕ

(Эҳдо ба шаҳриёри Душанбе)

Ҳар шом медурахшад истораи Душанбе,

Бар дида нур бахшад наззораи Душанбе,

Борон, ки з-осмонҳо ояд суроғи хокаш,

Хоҳад, ки бӯса созад рухсораи Душанбе.

Бо он қади баландаш бар аҳли завқ бошад,

Ҷӯши муҳаббати мо фаввораи Душанбе.

Обод ҳар канораш, ҳар ҷода растаи гул,

Сад нақши ишқ дорад ангораи Душанбе.

Бо ҷаҳди шаҳриёрӣ ин Рустаме, ки дорем,

Монанди Исмоил, шуд бораи Душанбе.

ЗИНДА БОШ, ЭЙ БОҒШАҲРИ МАН – ДУШАНБЕ

Боғшаҳри нозанини ман – Душанбе, зинда бош!

Зеби ҳусни Сарзамини ман – Душанбе, зинда бош!

Сабз бошад ҷодаву гулгаштҳоят чор фасл,

Хонаи меҳрофарини ман – Душанбе, зинда бош!

Оби Варзоби ту ширинтар бувад аз қанд ҳам,

Шаҳри тар дар ангубини ман – Душанбе, зинда бош!

Лаҳзаи афсурдагиву соати танҳоиям,

Ғамгусору ҳамнишини ман – Душанбе, зинда бош!

Зери афлоку миёни олами беинтиҳо,

Аз ҳама ту беҳтарини ман – Душанбе, зинда бош!

Дар ҳамин айёми ҷангу ҷӯши бемаънои давр,

Минбари сулҳофарини ман – Душанбе, зинда бош!

Шаҳриёрат аз табори Рустами Дастону худ,

Қалъаи халқи матини ман – Душанбе, зинда бош!

ШАҲРИ МУЗАФФАР

Шоми ӯ зебову субҳаш тар ба атри шабнам аст,

Ҷодааш худ шоҳроҳи дур аз дарду ғам аст.

Сояи сарви қади ҷӯйбори ӯ гӯяд, ки ин,

Шаҳр, шаҳри ошиқиҳои ҳазорон одам аст.

Ҳар қадам дар растааш гул ранги пойяндози шаҳ,

Ханда бар лаб гуларӯсаш, зиндагонӣ хуррам аст.

Бо ҳама ҳарфи алифбое, ки медонам ба ёд,

Ман агар васфи Душанберо бигӯям ҳам, кам аст.

Дар набарди зиндагонӣ доимо ёбад зафар,

Мардуми шаҳре, ки онро шаҳриёраш Рустам аст.

ДУШАНБЕ ҶАННАТИ РӮИ ЗАМИН АСТ

(Манзумаи нотамом…)

Душанбе боғшаҳри хубу зебост,

Душанбе шаҳр не, фирдавси руъёст.

Хиёбонаш ҳама аз лолаву гул,

Ба ҳар як ҷодааш овози булбул.

Насимаш субҳ меорад зи Варзоб,

Ба сар шӯру ба дил шавқу ба тан тоб.

Аз он ки шаҳриёри ӯ ҷавон аст,

Душанбе ҳамраҳи вақту замон аст.

Зи файзи кори хубу неки раҳбар,

Душанбе гашт ҳоло шаҳри дигар.

Макони бахту иқболи накӯ гашт,

Душанбе шаҳри ишқу орзу гашт.

Агар ангуштар олам, ӯ нигин аст,

Душанбе ҷаннати рӯи замин аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Шеърҳои хубанд, вале аз Давлат Сафар беҳтар. Агар Низом Қосимро ба дуел даъват кунед, бояд журналистони шеърфаҳмро ба ҳакамӣ ҷалб намоед

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button