ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатЧеҳраҳо

ЗОДРӮЗИ ШОҲЗОДА: РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА СИННИ 35 РАСИД

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 19 декабри соли 2022 ба синни 35 расид.  Рустами Эмомалӣ инак қариб 6 сол боз шаҳрдори Душанбе, пойтахт ва бузургтарин шаҳри Тоҷикистон буда, аз баҳори соли 2020 раиси Маҷлиси миллист ва ба унвони раҳбари палатаи болоии парлумон тибқи тибқи Қонуни асосӣ, қонунан баъди падараш раҳбари дуюми ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Ҷойгоҳи Рустами Эмомалиро дар арши сиёсии Тоҷикистон ва дер ё зуд расиданаш дигар ҳатто нотавонбинонаш нодида гирифта наметавонанд ва инки ӯро дар ғайбаш “Шаҳзода” ё “Принц” ном мебаранд,  ҳам нишондиҳандаи мақом ва нуфузи бадастовардаи ӯ дар ин арш аст ва ҳам баёнгари умед ва хостҳо, ки ягон рӯз Рустами Эмомалӣ ҳатман ҷойнишини падараш дар курсии президентӣ хоҳад шуд. Ин нақша чандин сол боз дар байни доираҳои ҳоким, аз ҷумла дар дохили Оила дар дасти баррасӣ қарор дорад, вале то кунун алакай чанд маротиба як силсила омилҳои дохилию хориҷӣ боиси ба таъхир афтодани иҷрои ин нақша ва интиқоли курсии президентӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш шудааст.

Агар аз як тараф, мухолифати бархе гуруҳҳову шахсиятҳои алоҳида дар дохил ва хориҷи кишвар то кунун монеи иҷрои ин нақша шуда бошад, як омили дигари, ба ақидаи бисёре аз нозирон, ҳалкунанда, худи пойбандии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раҳбарӣ ва то ҳанӯз омода набуданаш ба супурдани курсӣ аст, ки қувваҳои норозӣ аз президентшавии Рустами Эмомалӣ ҳар дафъа ин омилро ба  манфиати худ сӯиистифода мекунанд ва бо ҷумлаҳое, чун “ҳоло вақти рафтани шумо нест, Ҷаноби олӣ” Эмомалӣ Раҳмонро мутақоид мекунанд, ки боз як муддати дигар дар мақоми аввал бояд худаш бимонад.

Аммо ончӣ ки дар ин гирудорҳои сиёсӣ ба нафъи Рустами Эмомалӣ бозӣ мекунад, вақт аст. Тавре мушоҳида нишон медиҳанд,  Рустами Эмомалӣ то кунун пурсаброна интизориро пеша кардааст, то худи падараш ниҳоятан ба ин тасмим бирасад ва курсиро ба ворисаш бидиҳад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар мавридҳои фаровоне бетоқатии ворисон боиси пеш аз расидан ба мақом сӯхтани онҳо шудааст.

Чизи дигаре, ки дар ин доругирҳо метавонад ба нафъи ӯ хидмат кунад, самараи фаъолиятҳояш аст. Дар тӯли наздик ба 6 соли раҳбарӣ бар Душанбе, Рустами Эмомалӣ тавонист ба сурати умум фаъолияти низоми шаҳрдориро дар Душанбе таъмин кунад ва бар фарқ аз бисёре дигар аз хешовандони наздики президент ва мансабдорони баландпоя, ҳадалимкон худро аз ҷанҷолҳои марбут ба коррупсия ва сӯиистифода аз мансаб дур нигоҳ бидорад.

Дар ҳар сурат, бо вуҷуди инак чанд дафъа боз ба таъхир афтодани иҷрои нақшаи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон, дигар назари аксари нозирони умур чунин аст, ки агар ягон иттифоқи форс мажоре дар ин байн рух надиҳад ва Эмомалӣ Раҳмон ё Рустами Эмомалӣ ба ягон иштибоҳи хеле ҷиддиву ислоҳнопазир роҳ надиҳанд, танҳо касе, ки дар шароити мавҷуда ва бо роҳи сулҳомез метавонад Эмомалӣ Раҳмонро дар мансаби президент иваз кунад, ба эҳтимоли ғолиб ҳамин писараш Рустами Эмомалист.

Як ҳамсуҳбати пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз доираҳои ҳокими Тоҷикистон гуфт, ба фарқ аз солҳои қаблӣ, ки дар байни нухбагони сиёсии кишвар, аз ҷумла ҳатто дар дохили оилаи президент, мухолифони президентшавии Рустами Эмомалӣ хеле зиёд буданд, ҳоло як иттифоқи назари ҳадди ақал зоҳирӣ дар ин масъалаи муҳим ба даст омадааст ва танҳо масъалаи ҳаётӣ барои аксари ин  нухбагон ҳифзи статус кво, яъне мансаб ва нуфузи кунунии худ баъди ба президентӣ расидани Рустами Эмомалист. “Ин масъалае нест, ки ҳал карданаш имконнопазир бошад ва зоҳиран, Рустами Эмомалӣ ҳам дар ин маврид омода ба гузаштҳое ҳаст”, – уфт ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Аммо бо дарназардошти суръати тунди талотуми ҳодисот дар ҷаҳони имрӯз як омиле, ки метавонад ба зидди ин нақша кор кунад, боз ҳам ҳамон вақт аст. “Муҳим ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ҳад зиёд ин масъаларо тӯл надиҳад ва ҳар дафъа бо баҳонаи ин ё он ҳодиса ин кори муҳимро ба таъхир наандозад. Ҳар кор вақту соати худро дорад. Метарсам, ки бо ин таъхирҳо ва ба қафо партофтанҳо дар ниҳоят дер накунанд”, – ибрози андеша кард як манбаи огоҳ аз таҳаввулоте, ки дар арши сиёсии Тоҷикистон мегузарад.

Аксарияти чӣ мардум ва чӣ нухбагони сиёсӣ аз президентии Рустами Эмомалӣ умеди зиёд доранд. Вале ҳар гуруҳ аз зовияи манфиатҳо ва интизороти худ ба ӯ нигоҳ мекунад:

Аъзои командаи президенти кунунӣ умедворанд, ки ӯ роҳу равиши падарашро дар сиёсат идома хоҳад дод.

Гуруҳҳои дигар, бахусус ислоҳталабон, орзу доранд, ки Рустами Эмомалӣ ҳамчун намояндаи насли нав бо як сиёсати ҷадид ва командаи ҷадид рӯи кор хоҳад омад ва мисле ки Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон баъди Ислом Каримов кард, даст ба ислоҳоти ҷиддие дар Тоҷикистон хоҳад зад.

Гуруҳи сеюм, бахусус намояндагони насли калонсол дар арши сиёсии кишвар, ки то ҳадде нигарони иваз шудани статус-кво ва эҳтимоли аз даст рафтани нуфузу таъсир ва  мақому мансаби худ дар сурати ба дасти Рустами Эмомалӣ гузаштани қудрат ҳастанд,  ҳамчунон бо истифода аз ҳар баҳона пойфишорӣ хоҳанд кард, то Эмомалӣ Раҳмон худаш дар мақоми аввал бимонад.

ТАРҶУМАИ ҲОЛИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Русияро хатм кардааст. Рустами Эмомалӣ солҳои 2008-2010 ба ҳайси раиси департаменит Кумитаи сармоягузорӣ кор карда, соли 2010 раҳбари раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук таъйин шуд.

Рустами Эмомалӣ соли 2011, дар синни 23 ба мақоми муовини раиси гумрук расид ва сазовори унвони генералӣ шуд. Ӯ ҷавонтарин генерал дар Шӯравии собиқ ба ҳисоб мерафт.

Рустами Эмомалӣ моҳи ноябри соли 2013 раиси Хадамоти гумрук ва моҳи марти соли 2015 раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия таъйин шуда, 12 январи соли 2017 ба мақоми шаҳрдори Душанбе расид. Моҳи апрели соли 2020 ӯ раиси  Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таъйин шуд, ки баъди президент дуюмин мақоми аз ҳама баланд дар сохтори сиёсии давлатдории Тоҷикистон ба шумор меравад.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин аз соли 2012 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аст. Ӯ ба футбол алоқаи хос дошта, қаблан дар хатти ҳуҷуми дастаи “Истиқлол”-и Душанбе – қаҳрамони кунунии футболи Тоҷикистон бозӣ мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button