ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҲАВОПАЙМОИ ДУШАНБЕ – МАСКАВ ОҶИЛАН ДАР ФУРУДГОҲИ ОРЕНБУРГ НИШАСТААСТ

Шаби 15 декабри соли 2022 ҳавопаймои ширкати русии ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”, ки бо хатсайри Душанбе – Маскав (фурудгоҳи Жуковский) парвоз мекард, маҷбур шудааст, ки ба таври оҷил дар фурудгоҳи шаҳри Оренбург фуруд биояд. Дар ин бора Телеграм-канали AVIAINCIDENT, ки ҳодисаҳои фавқулоддаи авиатсиониро пайгирӣ мекунад, хабар дод. Бино ба иттилои ин канал, сабаби нишасти изтирории ҳавопаймои мусофиркаш вазъи саломатии яке аз мусофирон шудааст.

 «15.12.2022, соати 21.00  ба вақти Маскав, дар қаламрави масъулияти маркази диспетчерии Самара экипажи ҳавопаймо дар бораи як мусофири мариз ва қарори нишасти ғайринақшавӣ дар фурудгоҳи Оренбург мск) хабар дод.  Ҳавопаймо соати 21:21 бомуваффақият фуруд омад. Ин ҳавопаймои Аэробус А-321, хатсайри Душанбе – Раменское буд. Ҳавопаймо аз ширкати ҳавопаймоии “Уральские Авиалинии” мебошад, – хабар додааст AVIAINCIDENT.

Бино ба гузоришҳо, дар фурудгоҳи Оренбург ба мусофири мариз кумаки оҷили тиббӣ расондаанд ва баъди ин ҳавопаймо бо мусофиронаш дубора ба парвоз хеста ва ин ин бор бидуни ягон мушкил то ба фурудгоҳи Жуковский, воқеъ дар ноҳияи Раменское вилояти Маскав расидааст.

Дар бораи вазъи мусофири бемор ва чӣ беморӣ доштани ӯ иттилое дода нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button