ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

“ПОДСТАВА”-И ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БО КУМАКИ ЯК ДУХТАР (2 АКС)

Пулиси шаҳри Маскав, пойтахти Русия як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон бо номи Алихонро аз асорат озод кардааст. Қаллобон бо истифода аз кумаки як духтари шарикашон ин ҷавонро ба як қалёнхонаи дар асл вуҷуднадошта ҷалб карда, барои хӯроки шом пеши ӯ 30 ҳазор рубл ҳисоб гузоштаанд ва вақте ки ҷавони тоҷик пардохтани чунин маблағи аз нархнома чор маротиба гаронтарро рад кардааст, ӯро дар таҳхона ду шабонарӯз маҳкам кардаанд.

Дар бораи ин қазия рӯзи 15 декабри соли 2022 Telegram-канали Mash хабар дод.

Ҷавони тоҷик баъди раҳоияш нақл кардааст, ки бо духтаре бо номи Лера шинос шуд ва духтар ба ӯ пешниҳод кардааст, ки дар қалёнхонаи “Selfie Lounge “ дар Саввинская набережная вохӯрданд. Аммо ин қалёнхона кайҳо боз расман баста буда, аз сӯи қаллобон танҳо бо мақсади бо кумаки духтарони зебо ба дом афтондани афроде зудбоваре, чун Алихон истифода мешудааст.

 “Ин як қалёнхонаи қалбакӣ буд, ки нархаш 4 баробар зиёд аз нархнома аст, ҳар кас ба онҷо даромада наметавонад ва духтароне, ки муштарӣ пайдо карда, меоранд, фоизи худро мегиранд. Яке аз чунин духтарҳо бо номи Лера, ки 20 сол доштааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ Алихони 25-соларо бо суханоне, мисли ин ки “ту чӣ қадар ҷавони хушрӯӣ” ҷазб карда, пешниҳод кардааст, ки дар “Selfie Lounge” вохӯранд”, – менависад Mash.

Баъди хӯроки шом, вақте Алихон ва Лера бояд мерафтанд, пешхидмат пеши Алихон ба маблағи 30 ҳазор рубл ҳисоб гузоштааст. Ин назар ба нархнома 4 маротиба бештар буд ва Алихон аз пардохти ин пул даст кашидааст. Mash менависад, ҷавони тоҷики фиребхӯрда ин қадар пул ҳам надошт, ки пардохт кунад ва халос шавад.

Қаллобон аз қалёнхонаи қалбакӣ Алихонро дар таҳхона маҳкам карда, ду шабонарӯз онҷо нигоҳ доштаанд. Вале телефонашро нагирифтаанд, то ки ӯ ба ёру дӯстону шиносҳояш занг зада, маблағи даркориро ҷамъ карда битавонад.

Алихон ба як дӯсташ занг зада, аз ӯ 30 ҳазор рубл қарз мепурсад. Дӯсташ асли гапро фаҳмида, ба пулис хабар додааст. Пулис ба ин қалёнхона омада,  Алихонро аз асорат озод кард.

Дар рафти тафтиш маълум шудааст, ки ин ҷавони тоҷик ягона қурбонии ин дом набудааст ва ин қалёнхона дар асл кайҳо баста шуда буд, вале барои барои чунин амалҳои қаллобона бо кумаки духтароне, ки фоизи худро мегирифтанд, истифода мешуд.

Ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ин ҳодиса дар дасти баррасӣ қарор дорад, хабар медиҳад Telegram-канали Mash.  Ин ягона мавриди бо кумаки чунин духтарон ба дом афтондани муҳоҷирони тоҷик дар Русия нест. Аз ҳамаи муҳоҷирон хоста мешавад, ки ҳангоми шинос шудан бо духтарони ношинос ё таъйини мулоқот бо чунин духтарон дар ягон тарабхона, бар ё қалёнхона хеле ҳушёр бошанд, то ки ба дом наафтанд ва мисли Алихон қурбони “подстава” нашаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button