ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ШАҲРДОРИ ИСТАНБУЛ ВА РАҚИБИ АСОСИИ ЭРДУҒОН МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД

Додгоҳи шаҳри Истанбули Туркия Акрам Имомӯғлу, шаҳрдори  ин бузургтарин шаҳри Туркия ва рақиби асосии президенти кунунии ин кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи президентии соли ояндаро бо ҷурми “таҳқири намояндаи ҳукумат” ба 2 солу 7 моҳу 15 рӯзи зиндон маҳкум кардааст.

Бино ба хулосаи додрас, Акрам Имомӯғлу гӯё дар як суханрониаш дар соли 2019 узви Шӯрои олии интихоботии Туркияро таҳқир кардааст. Додрас гуфтааст, ки “ӯ замоне намояндаи ҳукуматро “аблаҳ” номид, ки натиҷаи интихоботи шаҳрдории Истанбул бекор карда шуд”. 

Дар ҳамин ҳол, Имомӯғлу гуфтааст, ки ин ҳарфроон замон дар ҷавоб ба гуфтаҳои вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу, ки ин алфозро нисбат ба ӯ раво дида буд, ба забон овардааст.

Дар соли 2019 Акрам Имомӯғлу барои нишастан ба курсии шаҳрдории шаҳри Истанбул бо намояндаи ҳизби Эрдуғон вориди рақобат шуда буд ва натиҷаҳои интихобот нишон медоданд, ки ӯ пирӯз шудааст.  Вале баъдан натиҷаи интихобот аз ҷониби ҳукумати Туркия лағв гардид. Гӯё дар рафти овоздиҳӣ, намояндаҳои ҳизби ҳоким, ки дар раъси он Эрдуғон менишинад, чандин ҳолати “қонуншиканӣ”-ро дидаанд.

Ҳамин тавр,  ҳукуматдорон интихоботи шаҳрдори Истанбулро аз нав гузарониданд, аммо бар хилофи интизори онҳо,  Акрам Имомӯғлу боз ғолиб омад. Агар ӯ дар маротибаи аввал бо ҳисоби начандон зиёди раъй ғолиб омада буд, дар дафъаи дувум бо наздики 9%  бартарӣ бар ҳарифаш маъракаро бурд.

Ин барои Эрдуғон ва ҳамҳизбонаш як шикасти бузурги сиёсӣ буд, чунки пас аз 25 соли яккатозӣ дар шаҳри калонтарини Туркия роҳбарии шаҳри Истанбул ба дасти  рақибони Эрдуғон гузашт ва ба монополияи Ҳизби адолат ва рушд хотима гузошт.

Агар раваду зинаҳои болоии додгоҳи Туркия ҳукми додгоҳи Истанбулро бе тағйир гузоранд, ин  ба маъное хоҳад буд, ки Акрам Имомӯғлу дар интихоботи президентии Туркия дар соли 2023 иштирок карда наметавонад.

Вале дар  як видео, ки худи Имомӯғлу пас аз эълони ҳукмаш пахш кардааст, ӯ мегӯяд, ки ҳатман ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат мекунад. Имомӯғлу ҳамчунин гуфт, “як шумори кӯчаки одамон ҳаққи ғасби ҳокимиятеро, ки ба онҳо мардум додааст, надоранд”.

Акрам Имомӯғлу яке аз рақибони эҳтимолии Эрдуғон дар интихоботи президентии Туркия дар соли 2023 ба ҳисоб меравад. Бисёре аз коршиносон бар он назаранд, ки танҳо шаҳрдори Истанбул метавонад Эрдуғонро, ки аз соли 2014 дар мансаби раисҷумҳури Туркия аст, иваз кунад.

Акрам Имомӯғлу соли 1970 дар шаҳри Трабзон дар соҳили баҳри Сиёҳ дар шимоли Туркия ба дунё омада,  Донишгоҳи амрикоии Гирнеро дар Қибриси шимолӣ ва сипас Донишгоҳи Истанбулро хатм кардааст. Дар ҷавонӣ мехост футболбоз шавад ва чандин сол ба ҳайси менеҷер дар бошгоҳҳои футболу баскетболи “Трабзонспор” кор кардааст. Соли 1991 хонаводаи онҳо ба ноҳияи Бейликдюзю дар канори Истанбул кӯчид ва Акрам Имомӯғлу дар ширкати хонаводагиашон кор мекард. Ӯ соли 2008 ба ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумӣ пайваст ва аз соли 2014 то 2019 шаҳрдори Бейликдюзю буд. Соли 2019 шаҳрдори Истанбул, бузургтарин шаҳри Туркия интихоб шуд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон соли 1954 дар ноҳияи Қосимпошои шаҳри Истанбул ба дунё омада, аз соли 2003 то 2014 ҳамчун сарвазир ва аз соли 2014 ҳамчун президент раҳбарии Туркияро дар даст дорад. Ҷолиб он аст, ки аз соли 1994 то 1998 Эрдуғон ҳам шаҳрдори Истанбул буд ва ҳукумати вақт то расиданаш ба қудрат чандин бор Эрдуғонро ҳам ба ҳабс кашидааст.

Бардоштҳо аз 20 соли раҳбарии Эрдуғон бар Туркия мухталифанд. Бархе бар инанд, ки ӯ тавонист нуфузи Туркияро дар арсаи байналмилалӣ хеле боло бурда, тавони қаблии ин кишваро ҳамчун қудрати минтақаӣ барқарор кунад. Вале мунтақидон мегӯянд, Эрдуғон бо сӯиистифода аз қудрат режими худкомаеро бар Туркия ҳоким кард, ки тавони таҳаммули андешаи дигар ва рақибони сиёсиашро надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button