ВидеоҲодисаҶомеа

СЕ ТАМАЪҶӮ ДАР ДУШАНБЕ ЯК ҶАВОНРО ВИДЕО ГИРИФТА, ДАР ИНСТАГРАМ НАШР КАРДААНД (ВИДЕО)

Дар шаҳри Душанбе се ҷавонеро дастгир кардаанд, ки бо таҳдиди дар борааш паҳн кардани маълумоти беобрӯкунанда аз як ҷавон 10 ҳазор сомонӣ талаб доштанд. Яке аз ин  дастгиршудаҳо мегӯяд, ки аз ҷабрдида талаб кардаанд, ки корҳои бадашро бас кунад. Вале инки он ҷавон барои чӣ “кори бад” ба “разбор” кашида шуда, “ҳақ” баста шуд?, шарҳ дода нашудааст.

Бино ба гузорише, ки шоми 14 декабри соли 2022 дар нашри навбатии ҳафтаномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд,  Боронов Иброҳимбек Комилович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Данғара,  Ҳасанов Фатҳиддин Ҷамолиддинович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Панҷ ва Долаев Абдусамад Кумиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ёвон ба тамаъҷӯӣ ва ғоратгарӣ айбдор мешаванд.

Худи ин боздоштшудагон ва нафари ҷабрдида барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои Сироҷиддин Шакурӣ, корманди маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе, дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки ин се нафар санаи 15 ноябри соли 2022 як ҷавонро бо роҳи фиреб ба қабати 15-уми як бинои сохтмонаш ҳанӯз нотамом дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бароварда, дар пайи латтукӯб ва бо роҳи зӯроварӣ ду телефони мобили ӯ, арзиши умумиашон 2060 сомонӣ, ва 1340 сомонӣ пули нақди ин ҷавонро кашида гирифтаанд.

Тамаъҷӯён ин амали худро ба видео низ гирифтаанд, ки чанд пораи он дар ин гузориши телевизионӣ намоиш дода шуд.

Иброҳимбек Боронов, яке аз дастгиршудагон дар ин гузориш ҷараёни қазияро чунин нақл кард: “Ба қабати 15-ум баровардемаш.  Фаҳмондемаш, як-ду шапалоқаш задем, ба навораш гирифтем. Гуфтамаш, ки чизе дорӣ, барор. Телефонашро баровард, сӯмашро баровард, 1340 сомонӣ. Боз як чалаю як “Нокия Билайн”-и дигар. Тайи қариб як соат-якуним соат қапидемаш ҳамон ҷо, фаҳмондемаш, ки накун ҳамин корро. Баъд фаровардемаш, баромад, рафт…”

Сабаби ба “разбор” кашидани он ҷавон шарҳ дода нашудааст ва маълум нест, ки накардани чӣ кореро ин се ҷавон аз ҷабрдида талаб доштанд?

Сироҷиддин Шакурӣ мегӯяд, Боронов Иброҳимбек ҷабрдидаро бо телефони худаш ба навор гирифта, яке аз сабтҳоро дар Инстаграм нашр кардааст ва барои паҳн накардан ва нобуд кардани сабтҳои дигари беобрӯкунанда аз он ҷавон 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Худи Иброҳимбек Боронов мегӯяд: “Баъди се рӯз он видеоеро, ки мо чӣ хел задемаш ва таҳқираш кардем, дар Инстаграм партофтем. Баъди ягон ним соат ё як соат ба ман занг зад, ки акаҷон, ҳамин корро накун, аҳли хонаводаам маро ҷанг мекунанд, оқам мекунанд. Гуфт, наворҳоро кӯр кун, 8 ҳазор сомонӣ дорам, меорам, медиҳамат. Ман гирифтам кӯр кардам видеоро. Вале вақте ки бояд пулро меоварду медод, моро кормандони милитсия дастгир карданд”.

Ба зидди ин се ҷавони дастгиршуда бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 248 (ғоратгарӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.  Ба онҳо барои тамаъҷӯӣ то 12 соли зиндон ва барои ғоратгарӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button