ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ЯК СОКИНИ КАНГУРТ ВА ФАРЗАНДОНАШ БАРОИ МАРДУМ ДУ ХАТТИ ОБ ОВАРДААНД

Тағоймурод Сангов, сокини деҳаи Оби Ширини ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик бо фарзандонаш  Ёқубҷон ва Толибҷон ба ин деҳа аз масофаи 3,5 ва 4 километр ду хатти оби нӯшокӣ гузарондаанд, ки бо шарофати ин кори хайр акнун мардум ва чорвои ин деҳа бо оби ширини ошомиданӣ таъмин гардиданд.

Дар бораи ин амали хайр рӯзи 15 декабри соли 2022 рӯзномаи ҳукумати ноҳияи Темурмалик “Истиқлол” дар Фейсбук дар матлабе бо номи “Барои амали хайр пул муҳим нест” хабар дод.

Суҳайл Шарифзода, муаллифи хабар менависад: Аз кам будани об ва ҳамоно дар дохилашон вуҷуд доштани шулук дар деҳаи мо ҳар сол говҳои мардум мефавтиданд. Ҳоло бошад бо омадани об ин мушкилӣ қариб, ки ҳалли худашро пайдо кардааст, мегӯяд амаки Тағоймурод. Ҳамзамон ӯ иброз медорад, ки дар ин амали хайр, ки бо ҳисоби умуми зиёда аз 30 000 сомон харҷ гардидааст, пул муҳим набуд. Баракс мардум дар паҳлуи мо истоданд ва дар якҷоягӣ ин амали хайрро ба анҷом расонидем”.

“Аз ҳама муҳим ин аст, ки мо нияти нек карда, дар якҷоягӣ корро оғоз кунем”, гуфтааст Тағоймурод Сангов.

Бо вуҷуди онки ин деҳа Оби Ширин ном дорад, то кунун мушкили камобӣ мекашид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button