ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ДУ САДАМА ДАР ДУШАНБЕ ВА СЕЛБУР ВА ДУЗДИИ ТАҶҲИЗОТ ДАР СПИТАМЕН

Як зани 57-солаи сокини Душанбе шаби 14 декабр, соати 02:50 дар кӯчаи Н.Қаробоев зери чархи мошини тамғаи «Тойота Камри» ҷон бохта, як сокини 60-солаи шаҳри Турсунзода субҳи 14 декабр, соати 09:00 дар  ҳудуди деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав зери чархи мошини тамғаи «Опел-Зефира» ба ҳалокат расидааст.

ххххххххххххххх

Сокини 48-солаи ноҳияи Спитамен ба он гумонбар мешавад, ки аз коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии як сокини ҳамин ноҳия дар чанд маврид таҷҳизоти техникиро ба маблағи 234 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 23 ҳазор доллар дуздидааст. Ба ӯ  бар асоси қисми чоруми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 15.12.2022

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

016

14-уми декабри соли 2022, тахминан соати 02:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камри», Мирзоев Фируз Раҳматшоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, пиёдагард Исмоилова Кибирё, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 14-уми декабри соли 2022, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Одинаев Меликмурод Маҳкамбоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе – Турсунзода”, воқеъ дар деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард Дӯстов Ғани Абудуллоевич, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуда, баъдан боз автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Нексиа», таҳти идораи ронанда, Игамбердиев Суҳробҷон Эркинович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Турсунзода, номбурдаро пахш намуда, аз болояш гузаштааст.
Дар натиҷа, Дӯстов И.Э. ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Ошкор шудани дуздии таҷҳизоти техникӣ

004

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда якчанд маротиба бо роҳи пинҳонӣ аз сехи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур қисмҳои таҷҳизоти техникиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, зарари расонидашуда 234 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 244, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button