ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ЯК САДАМА ДАР РОҲИ РӮДАКӢ – ҲИСОР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи шанбе, 26-уми ноябри соли 2022 бар асари бархӯрди ду мошини “Опел” ва “Мерседес” дар канори деҳаи Доманакӯҳ дар роҳи Рӯдакӣ – Ҳисор ду мусофири “Опел”, яке 60 ва дуюмӣ 27-сола, ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 26 ноябр, тахминан соати 12:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Бобохонов Баҳрулло Баҳриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Рӯдакӣ – Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Доманакӯҳ, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Азимов Қувандиқ Чориевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони “Опел-Астра” Бобоев Зафар Шомаҳмадович, соли таваллудаш 1962, ва Бобоев Нозим Ҷумабоевич, соли таваллудаш 1995, ҳарду сокини Ҳисор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигар Бобохонов Илҳом Гулмаҳмадович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Ҳисор ва худи ронанда Бобохонов Б.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button