ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН МЕХОҲАД МУШКИЛОТИ МАРЗӢ БО ТОҶИКИСТОНРО ЗУД ҲАЛ КУНАД

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) рӯзи 25 ноябри соли 2022 дар нахустин Қурултой ё анҷумани мардумии кишвараш изҳор дошт, ки Қирғизистон масоили марзиаш бо се кишвари ҳамсоя: Хитой, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро пурра ҳал кард ва танҳо баҳсҳои марзиаш бо Тоҷикистон ҳалношуда боқӣ мондааст.

 “Ҳоло мо пурра ба ҳалли масоили марз бо ҳамсояамон Тоҷикистон сар кардаем ва тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, то ҳалли ин масъаларо дар кӯтоҳтарин фурсат ба анҷом бирасонем… Ва мақсади мо бо вуҷуди тамоми мушкилот, ба наслҳои оянда намондан ва ҳал кардани масъалаҳои марзиест, ки аз як ҳукумат ба ҳукумати дигар мерос мемонд”, – изҳор дошт Ҷабборов. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки “набояд роҳ дод, ки барои як пора замин муноқишаҳои мусаллаҳона рӯй бидиҳанд, одамон кушта шаванд, падару модарон фарзандони бо ҳазор умед калонкардаашонро аз даст бидиҳанд. Ягон чиз қиматтар аз ҷони инсон нест!”.

Ҳафтаи гузашта, дар ҷараёни баррасии созишномаҳои марзии Қирғизистону Ӯзбекистон, аз ҷумла сарнавишти обанбори баҳсии Кампиробод, Ҷабборов бархе ҷузъиёти музокироти марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистонро ҳам ошкор кард ва аз ҷумла гуфт, Тоҷикистон розӣ шудааст, ки минтақаи баҳсии Чоркӯча (Торт-Кочо) дар марзи ду кишвар минтақаи бетараф эълон карда шавад.

Баъди тасвиби қарордодҳои марзӣ бо Ӯзбекистон, Ҷабборов боз сари минбар омад ва ба вакилон барои пуштибониашон изҳор сипос карда, гуфт, онҳо мехоҳанд мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистонро низ алакай то поёни соли 2022 ҳал кунанд.

“Худо хоҳаду ягон монеа агар эҷод нашавад, мо нақша дорем, ки то Соли нав масоили марзӣ бо Тоҷикистонро ҳам ҳал кунем. Мо бояд бо ҳамаи 4 кишвари ҳамсояамон дар сулҳу осоиш зиндагӣ кунем. Дигар ягон сарбоз дар марз набояд бимирад”,-  гуфт Ҷабборов.

Ҷониби Тоҷикистон ин изҳороти президенти Қирғизистонро дар бораи гӯё розӣ шуданаш ба пешниҳоди минтақаи бетараф эълон кардани Чоркӯчаро ягон шарҳ надодааст.

Чоркӯча, ки дар Тоҷикистон ин мавзеъро Зарафшон меноманд, дар марзи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудааст ва роҳҳо аз ноҳияи Бодканд ба тарафи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва  аз Исфара ба тарафи ҷамоати Ворухи Тоҷикистон тавассути Чоркӯча мегузаранд.

Ҷабборов гуфт, ҷониби Тоҷикистон дар музокираҳо ҳамеша протоколеро нишон медиҳад, ки вакили кунунии Жогорку Кенеш Адахон Мадумаров соли 2009, ҳангоми котиби Шӯрои амният буданаш имзо кардааст.

Ӯ хитоб ба Мадумаров гуфт: “Шумо мегӯед, ки протоколи доир ба Чоркӯча имзокардаи шумо қонунӣ нест, онро бояд бурда, ба ҳоҷатхона партофт. Вале тарафи дигар ин корро намекунад, онҳо баракс онро ба даст гиирфта, нишон медиҳанд. Алакай чандин бор нишон доданд”. Ҷабборов аз ҷумла ёдовар шуд, ки рӯзи 14 октябр дар Остона дар нишасти сеҷонибаи президентҳои Русияву Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҷониби Тоҷикистон дигарбора ин санадро нишон дода, гуфтааст, ки “гӯё мо ана ҳамин хел санадҳоро имзо мекунем ва ба тааҳҳуди супурдаамон амал намекунем”.

Содир Ҷабборов афзуд, ки дар ҷараёни музокироти суратгирифта, аз ҷумла нишасти ахири ҳайъатҳои ду кишвар пиромуни таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе, ба муовини сарвазир ва раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев муяссар шудааст, ки ҷониби Тоҷикистонро ба гузашт дар масъалаи Чоркӯча мутақоид кунад.

“Мо тавофуқ бастанием, ки ба ин мавъзеъ мақоми минатқаи бетараф дода шавад. Мо розигии онҳоро гирифтем. Ин қаламрав на ба мо ва на ба онҳо тааллуқ нахоҳад дод. Албатта, агар аз фикрашон барнагарданд. Ин минтақаи бетараф хоҳад шуд. Мо озодона ба тарафи Лайлак равуо мекунем ва онҳо ба Хоҷаи Аъло ва Ворух”, – хабар дод президенти Қирғизистон.

Содир Ҷабборов афзуд, ки агар ин тавофуқ ниҳоӣ шавад, Тоҷикистон аз ин минтақа тақрибан 20 оила ва Қирғизистон 3 ило 4 оиларо мекӯчонанд.

“Ана чунин корҳо шуда истодаанд. Якдигарро айбдор кардан лозим нест. Набояд баҳо дод, ки кӣ босаводу кӣ бесавод аст? Мо дидем, ки “босаводҳо” чӣ корҳо карданд? Ҳоло мо, “бесаводҳо” заминҳоеро баргардонда истодаем, ки “босаводҳо” дода буданд”, – гуфт ӯ.

Ин ишораи Ҷабборов боз ҳам ба Мадумаров буд, ки қаблан зимни баррасии ин масъалаи ҳам барои Қирғизистон ва ҳам барои Тоҷикистон хеле ҳассос вазири адлияи Қирғизистон Аёз Баётовро “бесавод” номид.

Роҳбари фирқаи “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаров соли 2009, вақте ки котиби Шӯрои амнияти кишвараш буд, протокол дар бораи аз Тоҷикистон ба иҷора гирифтани 5 гектар замини дарозиаш 275 метр барои тармими роҳи Ӯш-Бодканд-Исфана ва бунёди пулро имзо кард. Ин амалан ба маънои қаламрави Тоҷикистон эътироф кардани ин заминҳои иҷора буд. Ҳоло Мадумаров мегӯяд, ки он санад қувваи қонунӣ надорад ва “ба рафти музокироти марзӣ таъсир намерасонад”. Раҳбарони кунунии Қирғизистон Мадумаровро ба он айбдор мекунанд, ки ҳангоми имзои он протокол бар хилофи манфиатҳои миллӣ рафтор кардааст.

Дар аввали соли 2022 нисбат ба Мадумаров дар робита ба имзои ин протокол парвандаи ҷиноятӣ кушоданд, вале парлумони Қирғизистон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ иҷозат надод.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар аз ҳарду ҷониб дар умум наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.  Ҳарду тараф дар шурӯи даргириҳои ахир ва қаблӣ якдигарро айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button