ВидеоҲуқуқи инсон

НАЗДИКОНИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ МЕГӮЯНД, Ӯ ВА 5 МАҲБУСИ ДИГАРРО БА ЗИНДОНИ ПӮШИДА БУРДАНД

Адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров ва 5 маҳбуси дигарро субҳи 24 ноябри соли 2022 аз маҳбаси нави воқеъ дар канори шаҳри Ваҳдат ба маҳбаси пӯшида интиқол додаанд. Дар ин бора рӯзи 24 ноябр Бунёди Бузургмеҳр хабар  дод. Ин созмони ҳомии ҳуқуқро  Ҷамшед Ёров, адвокат ва бародари Бузургмеҳр Ёров дар Полша таъсис додааст.

Мақомот то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд, вале “Бунёди Бузургмеҳр” менависад, ки бино ба иттилои онҳо, Бузургмеҳр Ёров, ки рӯзи 15 ноябр, барои ҳарфҳои, ба ақидаи маъмурони зиндон, “носазо” дар ҳаққи президенти Тоҷикистон барои 15 рӯз ба картсер (ҳуҷраи ҷаримавӣ) маҳкум шуда буд, дар онҷо мавриди шиканҷа қарор гирифта, дар натиҷа шоми 23 ноябр ӯро аз картсер ба лазарет (беморхона, ё бунгоҳи тиббии маҳбас) бурдаанд.

 “Субҳи 24 ноябр Бузургмеҳр Ёров ва боз 5 маҳбуси дигарро, ки номҳояшон ҳанӯз маълум нест, ба маҳбаси пӯшида интиқол додаанд. Макони дақиқи будубоши онҳо ҳанӯз маълум нест. Роҳбарони зиндон ва намояндагони вазорати адлия дар бораи интиқоли маҳбусон ба хешовандони онҳо ягон маълумот надодаанд. Бузургмеҳр Ёров  тавонистааст, хабар диҳад, ки ӯро ба маҳбаси пӯшижда мебаранд ва тамос бо ӯ барои тақрибан ду сол қатъ мешавад. Ӯро дар ин муддат аз ҳаққи суҳбатҳои телефонӣ ва гирифтани дастовез (передача)  аз хешовандонаш маҳрум кардаанд”, – хабар додааст “Бунёди Бузургмеҳр”.

“Бунёди Бузургмеҳр” қаблан хабар дода буд, ки Бузургмеҳр Ёров, ки дар маҳбаси нави воқеъ дар канори шаҳри Ваҳдат 28 сол ҳукми зиндонашро адо мекунад, рӯзи 15 ноябри соли 2022, дар арафаи рӯзи президент, бо маъмурони ин маҳбас дар бораи нақш ва мақоми прехидент вориди баҳс шуда, ба ин далел бори дигар ба муддати 15 рӯз дар утоқи ҷаримавӣ (ШИЗО) ҷой карда шуд.

“Сабаби муҷозот, сари вақт ва дуруст баён накардани эҳтиром ба Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисҷумҳур ва раҳбари кишвар будааст. Мақомоти зиндонҳо бо Бузургмеҳр Ёров дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ва пешрафти кишвар баҳс мешаванд ва интиқодоти ӯ ба масъулин писанд намеояд. Гуфтаҳои Бузургмеҳр Ёровро ду зиндонии дигар низ дастгирӣ мекунанд, ки дар натиҷа ҳарсеро равонаи утоқи ҷаримавӣ кардаанд”, хабар дод “Бунёди Бузургмеҳр”. Мақомоти маҳбаси нави Ваҳдат ва идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд.

Дар поёни моҳи сентябри соли 2022 низ кормандони зиндони нави шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёровро барои ширкат накардан дар ҳозир-ғоиб (перекличка) барои 10 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ андохта буданд. Худи адвокати зиндонӣ мегуфт,  зиндонбонҳо ӯро қасдан дар китобхона маҳкам карданд, то ки аз ҳозир-ғоиб дер кунад ва ин баҳона барои муҷозоти ӯ шавад.

Бузургмеҳр Ёров, фарзанди адиби шинохтаи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад ва раҳбари собиқи коллегияи адвокатҳо “Сипар”, бо ба уҳда гирифтани мушкилтарин парвандаҳо ном бароварда буд Ӯ 28-уми сентябри соли 2015, дар пайи ба дӯш гирифтани роҳбарони ҳабсшудаи ҳизби наҳзати исломӣ ва таъсиси Кумитаи дифоъ аз зиндониёни ҲНИТ  боздошт ва бо ҷурмҳои қаллобӣ, ифротгароӣ, таҳқири президент ва таҳқири намояндагони давлат дар умум  ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Як далели асосии “ифротгароӣ”-и ин вакили мудофеъ низ баҳсаш бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, ки Ёров ба онҳо гуфтааст, тибқи қонун, адвокат аз президент болотар меистад. Мақомот инро ҳамчун таҳқири президент ва ифротгароӣ маънидод карданд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе ибтидо моҳи октябри соли 2016 ӯро бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятӣ – қаллобӣ, даъвати оммавӣ ба сарнагун кардани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, даъват ба ифротгароӣ ва сохтакорӣ ба 23 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.

Бузургмеҳр Ёров дар толори мурофиа баъди эълони ҳукмаш бо изҳори норозигӣ аз ин ҳукми шадид хитоб ба додрас ва айбдоркунандаи давлатӣ рубоии машҳури Абӯалӣ Ибни Синоро хонд:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

Ин рубоӣ сабаби боз як парвандаи дигар ба зидди ин адвокат бо иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ шуд ва моҳи марти соли 2017 ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров ду соли дигар афзуданд.

Ҳамин тавр, моҳи августи соли 2017 бо иттиҳоми таҳқири президент ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров се соли дигар афзуда шуд ва ҳукмаш ба 28 соли зиндон расид.

Парвандаи таҳқири президентро ба зидди Ёров бар асоси як матлаби дар соли 2016 нашршуда дар сомонаи “Паём” бо номи “Адвокат аз президент болотар меистад”оғоз карда буданд. Мақолаи “Адвокат аз Президент болотар меистад” дар асл номаи Бузургмеҳр Ёров аз боздоштгоҳ ба созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва гузоришгари СММ буда, дар ин нома ӯ аз як баҳси соли 2014 дар додгоҳи Шаҳритӯс (даъвои молики қаблии бозори “Ином” Бурҳон Абдуллоев бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев) ёдовар шудааст.

Ёров дар он баҳс гуфтааст, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, адвокат аз президент болотар меистад: “Дар прокуратураи н. Шаҳритӯс, вилояти Хатлон ва Прокуратураи Генералии ҶТ бо такя ба қонунҳои омӯхтаам, дурустии суханонамро тасдиқ намудам ва тамоми кормандони прокуратура ба ин ризо шуданд, ки дар ҳақиқат «Адвокат аз Президент боло меистад.”

Аммо додгоҳ ин ҳарфҳои ӯро ҳамчун таҳқири президент маънидод кард ва ба вай се сол ҳукми зиндон дод.

Бузургмеҳр Ёров парвандаашро сирф сиёсӣ ва таъқиб барои иҷрои вазифаи касбиаш мешуморад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Ҳуман Райтс Вотч, Афви байналмилалӣ ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия низ Бузургмеҳр Ёровро маҳбуси сиёсӣ унвон мекунанд ва чандин бор аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии бе қайду шарти ӯ ва дигар вакилони мудофеи зиндониро талаб кардаанд. Созмони Милали Муттаҳид низ дар соли 2018 боздошт ва ҳукми зиндони Ёровро ғайриқонунӣ номид ва аз Тоҷикистон талаб кард, ки ӯро озод карда, барои солҳои пушти панҷара ба сар бурдааш товон пардохт кунад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон тағйири ҳукми додгоҳ бар асоси тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ пешбинӣ нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон  вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар кишварро комилан рад мекунанд ва мегӯянд, афроде, чун Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Зайд Саидов, ки ҳомиёни ҳуқуқ онҳоро маҳбуси сиёсӣ меноманд, дар асл бо ҷурмҳои дигар, аз ҷумла барои қаллобӣ маҳкум шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button