ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНҲОИ РАҲГУЗАР ДАР ДАНҒАРА ВА ПАНҶАКЕНТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 22 ноябри соли 2022 дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Панҷакент ду кӯдаки ноболиғи яке  дусола ва дуюмӣ нӯҳсола зери чархи мошинҳои раҳгузар ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои ВКД, 22-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 10:20, ронандаи мошини боркаши тамғаи “ГАЗ-53”, Мирзомуродов Умаралӣ Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Зебунисо ба самти терминали мусофиркашонии ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Назарова Ҳомия Тошовна, соли таваллудаш 1965 ва набераи хурдсолаш, Ашӯрализода Меҳрубон Тошмуҳаммад, соли таваллудаш 2020, сокинони ҳамин ноҳияи Данғараро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Ашӯрализода М.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Бибии ӯ Назарова Ҳ.Т. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамчунин, нимаи дуюми рӯзи 22-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 14:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Раҷабов Шаҳзод Субҳиддинович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакии шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Раҳмонов Самандар Ботирович, соли таваллудаш 2013, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Раҳмонов С.Б. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Даҳҳо тан аз қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистонро ноболиғон: наврасон ва кӯдакони хурдсоли аз сад гули умрашон як гул ҳам ношукуфта ташкил медиҳанд.

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button