ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СОКИНИ ҲАМАДОНӢ БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 830 ҲАЗОР СОМОНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 23 ноябри соли 2022 аз ошкор шудани боз ду ҳолати қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони қаллобӣ дастгир карда шудааст. Ӯ ба қаллобӣ ба маблағи қариб 830 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 80 ҳазор доллари Амрико айбдор мешавад. Гуфта мешавад, ки ин ҷавон дар байни ҳамагӣ ду ҳафта дар моҳи октябри соли ҷорӣ ду сокини ноҳияи Ҳамадониро ба чунин маблағи бузург фиреб додааст.
Назари худи дастгиршуда дастрас нест, вале бино ба фарзияи мақомот, ин сокини Ҳамадонӣ рӯзи 3-юми октябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 709 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар мудати 3-рӯз бо асъори хориҷии доллари амрикоӣ иваз карда, баргардонида медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, номбурда 18-уми октябри соли 2022, ба боварии марди 53-солаи сокини ноҳияи зикргардида даромада, аз ӯ 120 ҳазору 940 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар мудати 3-рӯз онҳоро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми чоруми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба сокини Ҳамадонӣ бар асоси ин банди қонун барои қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё тақрибан 6 доллари Амрикост) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол таҳдид мекунад. Ӯ ҳамчунин бояд зарари расондааш ба шаҳрвандонро ҷуброн кунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ афзоиш ёфтааст. Бино ба омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1144 ҳолати қаллобӣ  ва нимаи аввали соли гузашта 1481 мавриди қаллобӣ сабт шудааст. Вале шумораи воқеии ҳолатҳои қаллобӣ хеле бештар аст, чунки бисёре аз қурбониёни қаллобон ба мақомот муроҷиат намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button