ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК РОНАНДА АЗ ҲИСОР БАР АСАРИ БАРХӮРД БО КРАН ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар хабар дод. Шаби 17 ноябр бар асари бархӯрди “Опел” бо кран дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ ронандаи ҷавони “Опел” аз Ҳисор ҷон бохтааст.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 17-уми ноябри соли 2022, тахминан соатҳои 19:45, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Акрамзода Алидоди Азам, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Б.Ғафурови ноҳияи Ҳамадонӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба мошини тамғаи “ЗИЛ 133 Кран”, ки ба Собиров Қудрат Негматович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ тааллуқ дорад, бархӯрдаааст.

Дар натиҷа, ронандаи “Опел-Астра” Акрамзода А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button