ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ГОВДУЗДӢ ДАР ТОҶИКОБОД ВА ҒОРАТГАРӢ ДАР КӮЧАИ РАҲМОН НАБИЕВИ ПОЙТАХТ

Сокини 22-солаи ноҳияи Тоҷикобод ба он гумонбар мешавад, ки аз ҳудуди ҷамоати Қалъаи лаби об як сар чорвои калони шохдорро дуздида, ба соҳиби гов 11 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.Ба ин ҷавон акнун барои дуздӣ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххх

Марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки  соати шаши субҳи 16 ноябр дар кӯчаи Р.Набиев ба сурати ошкоро ва бо зӯрӣ 4500 сомонӣ ва телефони мобили як сокини 30-солаи пойтахтро кашида гирифтааст. Сабаби чунин рафтори ӯ шарҳ дода нашудааст, вале ба ин ҷавон акнун то 8 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 18.11. 2022

Ошкор шудани ҳолати дуздӣ

177

Ба ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2022, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ҳамин ноҳия, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ як сар чорвои калони шохдорро тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани марди ғоратгар

18

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 16-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 06:00, ҳангоми дар кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе қарор доштанаш ӯро марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе зери лату кӯб карор дода, бо тариқи ошкоро ва зӯроварӣ аз ҷайбаш 4 ҳазору 500 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А51»-ро, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button