ВарзишВидео

ДАР ТОҶИКИСТОН МУСОВӢ БО РУСИЯРО ҲАМЧУН ПИРӮЗӢ МЕШУМОРАНД (ВИДЕО)

Бозии рафиқонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Русия, ки шоми 17 ноябри соли 2022  бо ҳухури беш аз 20 ҳазор тамошобин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд,  бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Ҳарчанд Русия ба Душанбе як дастаи таҷрибавиро, ки аксараш бори аввал дар ҳайъати тими миллӣ бозӣ мекарданд, ба майдон баровард, дар Тоҷикистон  натиҷаи мусовӣ бо Русияро ҳамчун пирӯзӣ маънидод мекунанд. Сармураббии тими Тоҷикистон Петр Сегрт гуфт, футболбозони тоҷик аз чанд ҷиҳат, аз ҷумла аз лиҳози шумораи зарбаҳои мустақим ба дарвозаи ҳариф бо натиҷаи 4 бар 3 бартарӣ доштанд ва Тоҷикистон метавонист дар ин бозӣ тими Русияро мағлуб ҳам кунад. Мухлисони тоҷик ҳам аз он ифтихор мекунанд, ки Русия бо вуҷуди мақоми 33-юмаш дар байни 211 кишвар дар рейтинги ФИФА натавонист Тоҷикистонро, ки дар ин рейтинг дар зинаи 108-ум аст, шикаст диҳад.

Петр Сегрт баъди бозӣ гуфт: “Барои мо ин мусовӣ мисли пирӯзист, чунки тими Русия хеле тими қавӣ аст.  ҳама аз Русия дар ин бозӣ мунтазири пирӯзӣ буданд, вале аз лиҳози равонӣ мо нисбат ба ҳарифонамон дасти бозтар доштем”.

Узви тими миллии Тоҷикистон Парвиз Умарбоев низ ин мусовиро баробари пирӯзӣ донист ва гуфт, тими Русия тими Тоҷикистонро нодида ва кам гирифт, ки ба ин натиҷа расид.

Вале сармураббии тими Русия Валерий Карпин гуфт, онҳо пеши худ вазифа пирӯзӣ ба ҳар киматро нагузошта буданд.

“Даста барои пирӯзӣ ба ҳар қимат ба хотири хол дар мусобиқаҳо талош мекунад. Инҷо чунин вазифа гузошта нашуда буд, ки ҳайъати таҷрибавии даста ҳам ба он далолат мекунад”, гуфт Карпин баъди анҷоми бозӣ.

Варзишгоҳи Душанбе мисли давраҳои тиллоии ҳунарнамоии дастаи овозадори “Помир” дигарбора  беш аз 20 ҳазор тамошобинро ҷамъ овард.

Масъулони варзишгоҳ зоҳиран барои қабули чунин шумори бузурги мухлисон омода набудаанд. Бино ба мушоҳидаи шореҳони сомонаи Чемпионат дар варзишгоҳи Душанбе ҳамагӣ як даромадгоҳ кор мекард, ки он ҳам баробари як дарича буд ва бояд 20 ҳазор мухлис аз ҳамин як дарича ворид мешуданд.

Вақте ки дар варзишгоҳ ҳайъатҳо ба майдон баромаданду гимни ду кишвар садо медод, мухлисони ҳанӯз дар навбат истода дигар шитобзада шуданд ва дар натиҷа дар назди даричаи вуруд чунон як тамбае ба вуҷуд омад, ки ҳатто кормандони милитсия дигар коре бо он карда наметавонистанд. Аммо яке аз кормандони варзишгоҳ пеш омадани чунин ҳолатро ба менталилети мардум рабт додааст, ки дар навбат истоданро таҳаммул надоранд ва афзудааст, ки “шукри Худо, касе дар ин тамба осеб надидааст”.

Тими Тоҷикистон бо чунин ҳайъат ба майдон баромад: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Алишер Ҷалилов, 57), Шервонӣ Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 90+4), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Каримов Меҳрубон, 90+4), Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 77).

Валерий Карпин бошад чунин ҳайъатро ба майдон баровард: Александр Селихов (Сергей Песяков, 46, Антон Шунин, 53) , Артём Макарчук, Максим Осипенко (Арсен Захарян, 46), Даниил Хлусевич, Александр Солдатенков, Даниил Уткин, Данил Глебов (капитан), Антон Миранчук, Сергей Пиняев (Фомин, 84), Лечи Саъдуллоев (Андрей Мостовой, 79), Фёдор Чалов (Владимир Сичевой, 46).

Бозиро ҳайъати доварон аз Ӯзбекистон (сардовар Илгиз Танташев) доварӣ мекарданд. Ваҳдат Ҳаннонов бозигари беҳтарини ин бозӣ ва Сергей Пиняев беҳтарин бозигар дар ҳайъати тими Русия эълон шуданд.
Тими Русия рӯзи 20 ноябр дар Тошканд бо тими Ӯзбекистон боз як бозии рафиқона анҷом медиҳад. Моҳи сентябр Русия дар Бишкек тими Қирғизистонро бо натиҷаи 2:1 шикаст дода буд.

Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯ овардани тими Русия дар ҳолест, ки дар пайи шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина  дастаҳои футболи Русияро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карданд ва чандин кишвар аз бозиҳои ҳатто рафиқона бо тими Русия даст кашиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button