ВидеоКоррупсия

БОЗ ЯК СУДЯ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПОРА МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳмиддин Раҳимзода, додраси собиқи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо гуноҳи гирифтани ришва ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Тибқи иттилои бадастовардаи Радиои Озодӣ, ҳукми ин судя миёнаи ҳафтаи гузашта содир шудааст. Ин додрас моҳи майи соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, барои содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз масъулият барканор шуда буд.

Наздикон ва худи Раҳмиддин Раҳимзода иттиҳоми эълоншударо тасдиқ ва рад накардаанд.

Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ бо шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, додрас Раҳимзода барои ситонидани пора дар ҳаҷми 800 доллар айбдор мешавад.

Ҷузъиёте, ки ӯ аз кӣ ва барои чӣ 800 доллар гирифтааст, маълум нест.

Дар рӯзҳои охир ин алакай сеюмин судя аст, ки дар Тоҷикистон бо ҷурми гирифтани пора маҳкум ба зиндон мешаванд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рузи 11-уми ноябр раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва зердасти ӯ Рустам Муҳаммадсаидзодаро, ки барои гирифтани пора айбдор буданд, ба ду солии зиндон маҳкум кард.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, ки аз соли 2021 раиси суди шаҳри Хуҷанд буд, моҳи апрели имсол  дастгир шуда буд.

Моҳи июл раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, Муҳаммадзода ва зердасташ Рустам Муҳаммадсаидзода ба гирифтани 2500 доллар пора гумонбар дониста шудаанд.

Таъйину барканории додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент амалӣ мешавад. Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ном бурда мешавад. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ судя бо иттиҳоми “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз мансаб рондаву дастгир ва бархеаш ба зиндон маҳкум шудаанд. Аксари онҳо бо ҷурми гирифтани пора ба даст меафтанд, вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳо худдорӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button