ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонЧеҳраҳо

САРБОЗИ ТОҶИК ОҚИЛҶОН ОДИНАЗОДАРО ДАР ТОҶИКОБОД БА ХОК СУПУРДАНД (2 АКС)

Нимаи дуюми рӯзи 15 ноябри соли 2022 дар деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод маросими видоъ ва дафни сарбози тоҷик Одиназода Оқилҷон Ҷумъабек баргузор гардид. Оқилҷон Одиназода дар муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷароҳат бардошта буд ва қариб ду моҳ боз таҳти табобат қарор дошт, вале мутаассифона, табибон натавонистанд ин ҷавони 22-соларо аз чанги марг наҷот диҳанд.

Сӯҳроб Ваҳҳобниё дар гуруҳи фейсбукии ЗОДГОҲ – ОҒОЗГОҲИ ВАТАН хабар дод, ки дар маросими видоъ бо Оқилҷон Одиназода дар Сафедмун муовини фармондеҳи қӯшунҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, сардорони идораҳои корҳои дохилию амнияти минтақаи Рашт, раиси ноҳияи Тоҷикобод, фармондеҳони воҳидҳои низомии мустақар дар минтақаи Рашт ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои Сӯҳроби Ваҳҳобниё, Одиназода Оқилҷон зода ва сокини деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод буда, 22 сол дошт ва баҳори соли 2021 ба хидмати зарбӣ даъват шуда, дар яке аз воҳидҳои марзбонӣ дар марзи Исфараи вилояти Суғд хидмат мекард.

“Дар даргириҳои хунини марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 14-17-уми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Исфара, мардона дар муқобили душмани паймоншикан ҷангид ва шадидан маҷруҳ шуд, вале сангари худро тарк накард. Чанд муддат дар бемористони шаҳри Хуҷанд ва як моҳи ахир дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ буд. Ду бор ҷарроҳӣ шуд.  Субҳи 15 ноябр дар бемористони Қарияи Боло аз дунё даргузашт. Асри 15 ноябр дар мазори деҳаи Сафедмун ба хок супурда шуд”, – хабар додааст Сӯҳроби Ваҳҳобниё.

Дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Ҳарду тараф дар оғози муноқишаи моҳи сентябр якдигарро айбдор мекунанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар аз ҳарду ҷониб дар умум наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button