ВидеоКоррупсия

РАИСИ ДОДГОҲИ ХУҶАНД БА 2 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро бо гуноҳи гирифтани ришва ба 2 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин дар ҳолест, ки банди мазкури Кодекси ҷиноӣ, яъне 319, қисми 3, аз панҷ то даҳ соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. Сабаб ба муҳлати камтар аз тақозои қонун зиндонӣ шудани судяи собиқ рӯшан нест.

Бино ба иттилои манбаи ин хабар Радиои Озодӣ, мурофиа бе эълони пешакӣ, рӯзи ҷумъаи 11-уми ноябр баргузор шуда, ҳалнома танҳо рӯзи 16-уми ноябр дастраси ин нашрия шудааст.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, ки аз соли 2021 раиси суди шаҳри Хуҷанд буд, моҳи апрели соли ҷорӣ дастгир шуд, вале мақомот танҳо баъди се моҳ хабари боздошти ӯро тасдиқ карданд.

Танҳо дар моҳи июл раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти хабарӣ гуфт, Муҳаммадзода ва зердасташ Рустам Муҳаммадсаидзода ба гирифтани 2500 доллар пора гумонбар дониста шудаанд.

Насриддин Низомзода, як масъули Оҷонси зидди коррупсия, рӯзи 18 июл гуфт, “онҳо тавассути миёнарав барои ҳалли парвандае, ки дар баррасии Рустам Муҳаммадсаидзода буд, 4000 доллари амрикоӣ гирифтаанд ва дастгир шудаанд.”

Дар муҳокимаи рӯзи 11-уми ноябр дар Додгоҳи олии Тоҷикистон, Рустам Муҳаммадсаидзода низ 2 сол аз озодӣ маҳрум гаштааст. То ин дам назари пайвандон ва ё вакилони мудофеи онҳо дастрас нест.

Қаблан гузориш шуда буд, ки раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзода  рӯзи 22 апрели соли 2022 дар ҷараёни як амалиёти вижа ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ ба даст афтодааст. Азбаски мақомот дар ин бора шарҳе надоданд ва Муҳаммадзода ва судяи зердасташ Рустам Саидаҳмадзода ба ҷои кор намеомаданд, ин гумонҳоеро ба вуҷуд оварда буд. Як манбаъ гуфта буд, ки Муҳаммадзода ҳангоми амалиёт пули ришваро ба дасти каси дигар қапонда, худаш тавонист фирор кунад. Вале баъдан маълум шуд, ки ӯ ҳам ба даст афтодааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 майи соли 2022 бо имзои фармони №388 “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”,  Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷонро аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаидро аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанд ва Раҳимзода Раҳмиддин Мирзокаримро аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда буд.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода давраи аввал аз соли 1996 то 2000  ва дафъаи дуюм, тоза аз 25-уми ноябри соли 2021 то дами боздошташ раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд  буд. Ӯ дар гузашта дар мақомҳои раиси додгоҳи ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров,  Ҷаббор Расулов ва Спитамен ва дар мақоми раиси додгоҳи вилояти Суғд кор кардааст. Ҳомидҷон Муҳаммадзода  судяи тахассуси дараҷаи якум буда, бо ордени “Шараф” мукофотонида шудааст.

Таъйину барканории додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент амалӣ мешавад. Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ном бурда мешавад. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ судя бо ҷурми фасод боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button