ВидеоҶанг дар Украина

ДУ МУШАКИ РУСИЯ ДАР ҚАЛАМРАВИ ПОЛША, КИШВАРИ УЗВИ НАТО АФТОДААНД (ВИДЕО)

Нимаи дуюми 15 ноябри соли 2022, ки Русия қаламрави Украинаро бо беш аз 100 мушак мушакборон кард, ду мушак ба қаламрави Лаҳистон (Полша), дар як коргоҳи хушккунии ғалла дар деҳаи Пшеводуви вилояти Люблин, воқеъ дар панҷкилометрии марзи Полша бо Украина афтода, боиси ҳалокати ду нафар шудааст. Ин кишвар узви паймони ҳарбии НАТО аст ва аз оғози ҷанги Русия ба зидди Украина ин бори аввал аст, ки мушакҳо ба қаламрави кишварҳои узви ин паймон меафтанд.Дар гузоришҳо иддао карда мешавад, ки мушакҳо аз Русия буданд. Вазорати дифои Русия ин хабарҳоро “иғвои барқасдона бо мақсади ташаннуҷи вазъ” номид. Маълум нест, ки ин мушакҳо иштибоҳан ба қаламрави Лаҳистон афтодаанд ваё пораҳои мушакҳоест, ки нирӯҳои зиддиҳавоии Украина зада афтондаанд.

Вазорати хориҷаи Полша дар қаламрави ин кишвар афтодани ду мушаки сохти Русияро тасдиқ кард ва гуфт, сафири Русия дар Варшава дар робита ба ин қазия ба вазорати хориҷа даъват шудааст. Бино ба иттилои вазорат, мушакҳо нимаи дуюми рӯзи 15 ноябр, соати 15:35 дар ҷараёни мушакборони Украина аз ҷониби Русия ба хоки Полша афтодаанд.

Намояндаи Пентагон Патрик Райдер гуфт, ҳанӯз тасдиқ карда наметавонад, ки мушакҳои дар хоки Полша афтода ваё пораҳои он марбут ба Русия бошанд. Вале Ассошиэйтед Пресс хабар дод, ки ин мушакҳо русианд ва сабаби ҳалокати ду сокини Полша шудаанд.

Дар ҳамин ҳол,  вазорати мудофиаи Русия хабари ба хоки Полша афтодани мушакҳои русиро “иғвои дидаю дониста” номид ва гуфт:  “Ба ягон ҳадаф дар наздикии марзи Украина бо Полша аз ҷониби Русия ягон зарба зада нашудааст. Пораҳои мушакҳое, ки матбуоти Полша аз ҷои ҳодиса дар деҳаи Пшеводув нашр кардаанд, ба таслиҳоти Русия ягон рабт надоранд”.

Ва аммо дар Интернет алакай нахустин видеоҳо аз маҳалли афтодани мушакҳо нашр шудаанд.

Бино ба  гузориши нашрияи Lublin112, мушак дар назди як трактор дар бунгоҳи қабули ғалла афтодааст. Яке аз шоҳидони ҳодиса ба ин нашрия гуфт: Аввал садои баланди монанд ба ҳуштак ба гӯш расиду сипас ҳама чӣ таркид. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки боз як мушаки дигар ҳам буд, ки эҳтимолан дар саҳро афтодааст”.

Баъдан хабарнигори радиои ZET Мариуш Гершлевски, ки хабари афтодани мушакҳоро нахустин шуда нашр карда буд, навишт, ки “ба эҳтимоли ғолиб, ончӣ ки дар Пшеводув афтод, пораҳои мушакест, ки артиши Украина зада афтондааст “.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар муроҷиатномааш шоми 15 ноябр изҳор дошт, ки “мушакҳои  Русия ба Полша зарба заданд”. Зеленский аз Полша пуштибонӣ кард ва гуфт: Украина чанд бор гуфта буд, ки ин давлати террорист танҳо бо кишвари мо маҳдуд намешавад? Фаротар рафтани террори Русия танҳо масъалаи вақт аст”.

Сарвазири Полша Матеуш Мораветский “дар робита ба вазъи буҳронӣ” ҷаласаи кумитаи амният ва мудофиаи ҳукуматашро даъват кардааст. Сухангӯи ҳукумати Лаҳистон Петр Мюллер бо даъват ба худдорӣ аз нашри хабарҳои тасдиқношуда гуфт, ҳукумат қазияро баъди баргуҳории ин нишаст шарҳ хоҳад дод.

Вазири мудофиаи Латвия Артис Пабрик   дар Твиттер ба “ҳамсангаронамон аз Полша” дар робита ба ҳалокати сокинон изҳори ҳамдардӣ кард ва навишт: Режими ҷинояткори Русия мушакҳоеро сар дод, ки нафақат мардуми мулкии Украинаро ба ҳадаф гирифтанд, балки ба қаламрави НАТО дар Полша афтоданд. Латвия комилан аз дӯстонаш дар Полша пуштибонӣ мекунад ва ин ҷиноятро маҳкум мекунад”.

Вазорати хориҷаи Эстония низ дар як изҳорот гуфт, ки “Эстония омода аст, ҳар ваҷаб замини НАТОро дифоъ кунад. Мо бо иттифоқчии наздикамон Полша пурра ҳамраъйем .

Президенти Литва Гитанас Науседа низ изҳор дошт, ки мо бо дӯстонамон аз Полша тамоси наздик дорем. Литва бо Полша ҳамраъй аст. Ҳар вақб хоки НАТО бояд ҳимоят карда шавад!”

Нирӯҳои Русия рӯзи 15 ноябр ба зидди Украина ҳудуди 100 мушак андохтанд. Дар натиҷа бархе шаҳрҳои Украина бе нирӯи барқ монданд.

Манбаъ: “Настоящее Время”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button