ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАР ҲАҚҚИ ЧИЛАХОН ХОЛОВ ДУО КУНЕД! ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ЧАНД МОҲ БОЗ БЕМОР АСТ

Сардори раёсати вазорати фарҳанги Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шерализода бо нашри чанд акс дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 16 ноябри соли 2022 ҳамроҳ бо муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон муҳтарам Давлат Сафар ва чанде аз дӯстон ба аёдати Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, устод Чилахон Холов ба манзили эшон рафтаанд.

Тавре дӯстон огоҳанд, ин шабу рӯзҳо овозхони маънисарои мо аз беморӣ каме ранҷ мебаранд. Аммо аз дидор ва суҳбати эшон мо бо хотири осуда баргаштем. Зеро Чилахон Холов дар ҳар ҳол рӯҳияи қавӣ дорад. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳанӯз 30 суруди тозаи НОНАВИШТА дар кӯлбори эҷодияш дорад. Худованди меҳрубон, ки шифояшро арзонӣ дошт, сурудҳои навамро барои мухлисони ҳунар сабт ва тақдим мекунам.

Аз Худованди меҳрубон барои ин ҳунарманди маҳбубамон шифои оҷилу комил таманно дорем”, навиштааст Раҳмоналӣ Шерализода.

Қаблан журналист Сайёфи Мизроб  хабар дода буд, ки рӯзи 3 марти соли 2022 Чилахон Холовро дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (бемористони Қарияи Боло), дар бино ё корпуси №10  ҷаррроҳии гурда кардаанд. Сайёфи Мизроб Чилахон Холовро “богурдатарин сарояндаи тоҷик” ном бурда, хабар дод, ки рӯзи 4 март, вақте овозхон баъди наркоз дубора ба ҳуш омад, хоҳиш кардааст, ки мухлисонаш дар ҳаққи ӯ дастбадуо бошанд.

Чилахон Холов дар поёни солҳои 80 тавассути ансамбли “Ганҷина”, ки  таҳти раҳбарии устоди равоншод Зафар Нозим ба хотири муаррифӣ ва таблиғи таронаву рақс ва суннату маросими мардумӣ ташкил шуда буд, ба саҳнаи калон омад ва солҳои аввал бештар таронаҳои мардумиро месароид.

Нахустин сабти Чилахон Холов бадеҳа ё дуэти “Бозубандамро бидеҳ” буд, ки барои ин овозхони он вақт ҷавон шуҳрати саросарӣ овард.

Солҳои охир Чилахон Холов  бештар бар пояи ашъори классикон, аз ҷумла бар ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тарона эҷод мекунад, вале дар хондани таронаҳои мардумӣ низ ҳамчунон тавоно ва забардаст эътироф шудааст.

Яке аз шоҳкорҳои тозаи ӯ таронаи “Лаби дарё” аст, ки ҳам бо мазмун, ҳам бо оҳанги равон ва ҳам бо сабки иҷрои чун ҳамеша вижаву нотакрори Чилахон Холов ба дили мардум роҳ ёфт.

Ӯ дар ин тарона аз ҷумла мехонад:

Лаби дарёи Тоҳир шиштанам шуд, ҷоне,

Ҳамон ёре, ки доштам, душманам шуд, ҷоне.

Ҳамон ёре, ки буд дасто ба гардан, ҷоне,

Камар баста, ба қасди куштанам шуд, ҷоне.

Аз ҳамаи мухлисони ин овозхони маҳбуб, инсони меҳрубон ва дарёдил хоҳиш мекунем, ки дар ҳаққи Чилахон Холов дуо кунанд. Барои устод Чилахон Холов шифои комилу оҷил металабем!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button