ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ 877 МУҲОҶИР ДАР ҶАРАЁНИ РЕЙДИ ПУЛИС ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ (7 АКС)

Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия рӯзи 16 ноябри соли 2022 аз ҷамъбасти рейди густардаи зидди муҳоҷирон дар ноҳияҳои Калинину Фрунзеи шаҳри Петербург ва боздошти 877 муҳоҷири хориҷӣ дар ҷараёни ин рейд хабар дод. Гуфта мешавад, кормандони пулис дар ҷараёни ин рейд асосан ба маконҳои будубоши муҳоҷирони хориҷӣ ва ҳамчунин ба марказҳои саноатӣ ва савдо, ки хориҷиёнро барои кор ҷалб мекунанд, тамаркуз кардаанд.

 “Дар умум кормандони пулис асноди 877 шаҳрванди кишварҳои хориҷаи наздикро тафтиш карданд. Ҳамаи онҳоро барои баррасӣ ба шуъбаҳои пулис оварданд” — гуфта мешавад дар хабар. Пулиси Петербург гуфт, аз ин шумор 58 нафар дар қаламрави Русия бо нақзи қоидаҳои муҳоҷират ба сар мебурданд ва нисбат ба онҳо парвандаҳои маъмурӣ кушодаанд. Ба ин 58 муҳоҷир депортатсия аз Русия таҳдид мекунад.

Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград баъди шаҳру вилояти Маскав яке аз масирҳои умдаи муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишварҳои СНГ ба шумор меравад.  Бар асоси омори  расмӣ, шумораи муҳоҷирони корӣ дар Петербург соли гузашта 24% афзуда, ба 320 ҳазор нафар расида буд. Бовар меравад, ки ин рақам дар соли 2022 боз ҳам боло рафтааст. Аксари онҳоеро, ки ба ҷустуҷӯи кор ба ин минтақа меоянд, шаҳрвандони кишварҳои СНГ, аз ҷумла муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бо шумули муҳоҷирони тоҷик ташкил медиҳанд.

Қаблан дар моҳи октябр гузориш шуда буд, ки приставҳои Петербург аз аввали соли ҷорӣ алакай 1932 муҳоҷири хориҷиро ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ кардаанд. Аксари онҳо аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон буда, як қисми дигари муҳоҷирони хориҷии аз Петербург ихроҷшударо зодагони кишварҳои ҳатто африқоӣ, ба мисли Нигерия, Конго, Алҷазоир ва Мисру Камерун ташкил дода, ихроҷшудаҳо ҳатто аз Куба ҳам будаанд. Ҳамаи онҳо ба муҳлати 5 сол аз ҳаққи баргашт ба Русия маҳрум карда шудаанд.

Бино ба охирин омори ВКД Русия, дар соли 2022 аз Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафар маҳз ба ҷустуҷӯи кор ба Русия омадаанд. Президенти Русия Владимир Путин низ моҳи октябр дар мулоқот бо роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар Остона ҳамин рақамро ба забон овард ва гуфт, ҳар сол беш аз ду миллион тоҷик ба Русия ба ҷустуҷӯи кор меоянд. Аммо як рӯз баъд ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон ин рақамҳои овардаи Путинро ба чолиш кашид ва гуфт, на ҳамаи тоҷикҳое, ки ба Русия сафар мекунанд, ба онҷо барои мардикорӣ мераванд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар байни ин мусофирони тоҷик онҳое ҳам ҳастанд, ки ба Русия барои таҳсил ё табобат мераванд.

Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон шумораи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро дар Русия ҳамагӣ ҳудуди 350 ҳазор нафар рақам мезанад, ки аз омори Русия чанд маротиба фарқ мекунад. Аммо дар Тоҷикистон низ эътироф мекунанд, ки пулҳои аз Русия фиристодаи муҳоҷирон як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик ва омили умдаи гардонандаи савдо ва дигар фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ин кишвар ба шумор меравад.  Соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирон 2,5 миллиард доллар пул фиристода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button