ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ПУЛУ ТЕЛЕФОНИ ЯК МЕҲМОНИ ХУҶАНДРО АЗ ДАСТАШ БА ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 9 ноябри соли 2022 аз ошкор шудани як ҳолати ғоратгарии рӯирост дар шаҳри Хуҷанд хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба як марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаҳои 244, қисми 2 ва 237, қисми сеюми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ ва авбошӣ суд шудааст, бар асоси моддаи 248, қисми сеюми КҶ ҶТ бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятии нав оғоз карда шудааст.
Худи гумонбаршаванда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи ВКД, ин сокини ноҳияи Б.Ғафуров шаби 4-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 20:30, дар ҳолати мастӣ бо дасташ як маротиба ба рӯи марди 50-солаи сокини шаҳри Истаравшан зада, баъдан бо истифодаи зӯроварӣ аз ҷайби ин меҳмони Хуҷанд 950 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “LG”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба марди дастгиршуда бар асоси қисми сеюми моддаи 248 барои ғоратгарӣ аз 10 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи ҷиноятҳои ғоратгарӣ хабарҳои зиёд ба даст мерасанд. Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 65 мавриди ғоратгарӣ сабт шудааст. Соли 2021 дар ҷумҳурӣ 138 ҳодисаи ғоратгарӣ сабт шуда буд.

Дар аксар мавридҳо, ғоратгарон дар кӯча аз дасти раҳгузарон ба сурати ошкоро ва гоҳо бо таҳдиди зӯроварӣ сумкаву ҳамён ваё телефонҳои дасташонро кашида мегиранд. Мавридҳое низ ҳаст, ки ғоратгарон аз даст ё гӯшу гардани занону духтарони раҳгузар ангуштарину дастбанд ё гӯшвору гарданбандҳои тиллоии онҳоро канда гирифта, ба яғмо мебаранд.

Моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғоратгарӣ ҳамчун ҷазо аз 3 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button