ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КҲФ: РӮЗИ 9 НОЯБР ДАР ТОҶИКИСТОН ХАТАРИ ОМАДАНИ СЕЛУ САНГРЕЗ ЗИЁД АСТ!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ, рӯзи 9-уми ноябри соли 2022 бар асари идомаи боронҳои шадид дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани селҳо ва резиши санг боқӣ мемонад. Ҳамчунин эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу ва рӯдхонаҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд. Дар ин рӯз рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор ва моҳидорӣ низ маслиҳат дода намешавад. 

Кумита ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.  Касоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, хуб мебуд, агар равуои худро дар шомгоҳон ва ҳавои торик маҳдуд мекарданд.

Риояи ҳамаи қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла риояи фосилаи байни мошинҳо ҳангоми ҳаракат ва боло набурдани суръати ҳаракат гарави аслии бехатариву амният аст.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо  сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button