ВидеоНуқтаи назарТоҷикистон

ҶАНҶОЛИ ТЕЗУТУНД ДАР АТРОФИ ПАЙКАРАИ “ДУОИ МОДАР” ДАР КӮЛОБ: ИН ҲАЙКАЛИ МОДАРИ КИСТ? (ВИДЕО)

Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи  муҷассамаи “Дуои модар” дар шаҳри Кӯлоб ҷанҷоли бузургеро барангехтааст, ки алангааш инак як ҳафта боз ҳеҷ фурӯкаш намекунад. Барои ин гузориш, ки ба гуфтаи масъулони Озодӣ, дар Прага таҳия шудааст, бавижа хабарнигори ин нашрия дар Кӯлоб Маҳмудҷон Раҳматзода таҳти фишори сахт қарор гирифтааст.   Чандин журналист ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Озодӣ талаб карданд, ки ин мақолаашро бардорад ва аз шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода барои он ки зани дар ин муҷассама тасвиршударо ба модари ӯ монанд кардаанд, узр бипурсад. Вале масъулони радиои Озодӣ мегӯянд, ки ҳамаи фактҳояшон аз пеш санҷида шудааст ва на мақоларо мегиранд ва на аз касе барои он узр мепурсанд.

Моҷаро аз рӯзи 23 октябри соли 2022 оғоз мегирад. Он рӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба ҷануби кишвар дар шаҳри Кӯлоб аз муҷассамаи “Дуои модар” пардабардорӣ кард. Ин алакай дуюмин пайкара бо чунин ном аст. Ҳангоми кушодани муҷассамаи аввали “Дуои модар”, ки дар саҳнаи фурудгоҳи Хуҷанд гузошта шудааст, Эмомалӣ Раҳмон ашк ҳам рехт ва  ҳарчанд дар ин мавриди ягон шарҳи расмие то ҳол надодаанд, бархе расонаҳо навиштанд, ки симои зани дар муҷассама инъикосшуда ба Майрамбии модари президент шабоҳати зиёд дорад.

Аммо Радиои Озодӣ рӯзи 3 ноябр дар матлабе бо номи “Пайкараи модар дар Тоҷикистон ба модари кӣ монандӣ бошад?”  бо такя ба як манбааш дар мақомоти маҳаллӣ навишт, ки симои қаҳрамони муҷассамаи “Дуои модар” дар Кӯлоб ба модари президент монанд набуд ва аз ин рӯ “ба раисиҷумҳури Тоҷикистон писанд наомадааст”.

Ду пайкараи Модар дар Кӯлоб ва Хуҷанд

“Ҳарчанд пайкара дар пайравӣ ба муҷассамаи ҳамном дар Хуҷанд сохта шуд, шабеҳи модари президент набудааст. Ҳангоми рӯнамоии пайкара дар Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон ашк рехта буд, дар Кӯлоб ин манзара дида нашуд”, – гуфтааст ин манбаи Озодӣ. Нашрия навишт, ки ҳайкали “Дуои модар” дар Кӯлоб ба сабаби ба президент писанд наомаданаш шояд бозсозӣ ҳам шавад.

Ҳамин тавр, бино ба ин гузориш, баъзе аз шоҳидони маросим ба шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, президент муҷассамаро дар Кӯлоб “чандон хуш напазируфт” ва ҳатто ишора кардааст, ки “ба модараш монанд нест”.

Вале як ҷумлаи гузориши Озодӣ, ки баҳси тундеро ба бор овард, ин буд: “Манобеи наздик ба мақомоти маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пайкара шабеҳи модари Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб будааст. Модари ӯ соли гузашта фавтид. Кӯшишҳо барои тамос бо Назарзода рӯзи 3-юми ноябр бенатиҷа буд, то шарҳи масъаларо аз ӯ бипурсем”.

Рӯзе баъди нашри ин гузориш  Интернет якбора таркид ва чандин журналисту корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан зодагони шаҳру минтақаи Кӯлоб ба танқиди радиои Озодӣ пардохта, ба модари раиси Кӯлоб шабоҳат додани ин ҳайкалро ташбеҳи ноҷо номиданд. Сардабири “СССР” Сайёфи Мизроб аз ҳама даъват кард, то аксҳои модаронашонро гузоранду ҷумлаеро бо чунин мазмун бинависанд, ки “пайкараи “Дуои модар” дар Кӯлоб монанди модари ман аст”.  

Дар лобалои баҳсҳо дигарбора даъвати бастани радиои Озодӣ дар Тоҷикистон баланд шуд, вале ҳамовозии чандоне пайдо накард.

Оташи баҳсҳо чунон баланд шуд, ки хабарнигори Озодӣ дар Прага Mӯъмин Аҳмадӣ ду дафъа дар саҳифааш дар Фейсбук ба ин баҳсҳо ҳамроҳ шуд ва бо тасдиқи муаллифии худ ин маъракаи ба зидди Озодӣ ба роҳ афтодаро ташкилшуда номид. Ӯ навишт:  “Муаллифи ин гузориш ман ҳастам. Бархе иддао кардаанд, ки гуё хабарнигори Озодӣ аз шаҳрдор пул пурсидааст ва пас аз ҷавоби рад инро нашр намудааст. “Фактҳо” ҳам гӯиё вуҷуд доштааст. Хеле хуб мешавад, ки ҳамон фактҳо инҷо гузошта шаванд ва мардум бубинанд, ки ман дар куҷо ва аз кӣ пул пурсидаам. Ман на ба Назарзода ғараз дорам, на дӯстам ҳаст, на душманам. Танҳо кори хабарнигориамро анҷом додам ва аз як тақлиди беҳунарона гуфтам. Онҳое ҳам, ки имрӯз ба ҳукумати шаҳр даъват шудед ва бархе ҳам зангҳо дарёфт кардед, ки аз раис бояд ҳимоят кунед, ҳарчӣ мехоҳед нависед, вале лутфан тӯҳмат назанед”.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid0288WgL29VBLzSJ7kxbncSSNnnUcDq1KVQh5Q5C1yaAP71vysuHJH4C4agrMfBrLXAl&id=100000932747970&sfnsn=scwspwa

 Вақте баҳс боз ҳам фурӯ нанишаст, балки ҳатто алангаи бештар гирифт, Мӯъмин Аҳмадӣ дар матлаби наве навишт, ки мушкил дар ин масъала на баҳои Озодӣ, балки дар ин аст, ки пайкара ба президент писанд наомадааст: “Дар мақолае, ки Озодӣ нашр кард, хеле равшан гуфта шудааст, “ба раисиҷумҳури Тоҷикистон писанд наомадааст“. Баъдан, он шабеҳи модари ҳар касе ҳаст ё не, ба модари ман ва модари президент монандӣ надорад🙂

Рӯзи  7 ноябр ба баҳс, ба қавли маъруф, “тӯпхонаҳои вазнин” ҳамроҳ шуданд.

Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар шаҳру минтақаи Кӯлоб  дар як номаи кушод ба мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Салими Аюбзод гузориши радиои Озодиро “фармоишӣ” номид ва навишт, дар асл қаҳрамони пайкараи “Дуои модар” ҳеҷ шабоҳате бо модари марҳуми шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода надорад. Ӯ аз радиои Озодӣ хост, ки мақолаашро аз сомонаи худ бардорад ва ин моҷароро аз ин доғтар накунад.

Аҳмади Иброҳим бидуни бурдани ном ишора кард, ки  сухан дар мавриди пайдо кардани як роҳи мусолиҳа ва пешгирӣ аз кушодани парванда ба зидди хабарнигори Озодӣ меравад: “Ҳоло ягона ҳолатест, ки ба ҳимояи як шогирдам бархоста наметавонам, чунки далелҳо алайҳи моанд. Наҷоти ин журналист дар дасти шумо аст. Гузоришро аз сомона гиред ва аз шаҳрдор барои нашри акси модари арҷмандаш (Худо ҷояшро ҷаннат кунад) ва нороҳат кардани рӯҳи ӯ пузиш бихоҳед. Ин имкон медиҳад, ки мо ҳам ба назди шаҳрдор рафта барои шогирдамон бахшиш пурсем ва хоҳиш кунем, ки аз даъвояш гардад”.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02YZJ9kwF2SFfyN6urN5zxVK1ZcURHLhEySU2FaYrMT6NPwMGb2wdLDDjEMwP6i3nDl&id=100064020664442&sfnsn=scwspwa

Ва аммо Салим Аюбзод, мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ рӯзи 8 ноябр дар як посухи муфассал дар Фейсбук навишт, ки ҷое барои узр хостан ё сабабе барои  пок кардани ин мақола аз сомонаи Озодӣ намебинад.

“Бо тамоми эҳтиром ба шореҳони азиз мерасонам, ки даъват ба узрхоҳӣ асос надорад, чун фактҳои мақола пеш аз нашр санҷида шудаанд. Ва боз мегӯям, сухан на аз модар аст, балки аз ҳайкалсозӣ ва вокуниш ба он. Ба гуфтаи яке аз ҳамкоронам, агар фарде ба модараш ҳайкал гузоштааст, офаринаш бод, қаҳрамон аст, бигзор ба касе симои модараш хуш омадааст ё не, муҳим нест. Вале ин ҷо ҳамчунин масъалаи буҷа ва макони ҷамъиятӣ низ дар миён аст. Яъне манзури матлаб модар набуду нест, балки чизҳои тамоман дигар, ки танҳо ангуштшумор дӯстон ба ин таваҷҷуҳ кардаанд”, навиштааст Салим Аюбзод.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02hTRYKym1kSkYCDcB9KrMzFpPQnws8diz9ifwSiwpQTko4Ge3jzHntmhJ2C6tCGzUl&id=652441934&sfnsn=scwspwa

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button