ВидеоКоррупсия

ЯК МАНСАБДОР ДАР КӮЛОБ БА СОХТАКОРӢ ВА ТАСАРРУФИ 184 ҲАЗОР СОМОНӢ АЙБДОР ШУД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 9 ноябри соли 2022 хабар дод, ки  як мансабдори давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб ба сохтакории хидматӣ ва тасарруфи маблағҳои давлатӣ айбдор мешавад. Агентӣ гуфт, Муродҷони Маҳмадулло, раҳбари ҳамакнун собиқи корхонаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кӯлоб”, ки ин муассиса масъулияти ҷобаҷогузории тоблуҳои таблиғотӣ дар кӯчаҳои ин шаҳрро ба уҳда дорад, аз беш аз ним миллион сомонӣ пуле, ки аз будҷаи давлатӣ барои ин идора ҷудо шуда буд, 184 ҳазор сомонӣ, ё қариб 9 ҳазор долларашро тасарруф кардааст.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Муродҷони Маҳмадулло дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кӯлоб” кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ задааст.   Чунончӣ, ӯ бо истифодаи ваколати мансабиаш бо мақсади ба даст овардани фоида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси муассисаи мазкур маблағи умумии 513 ҳазору 365 сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифта,  аз ин маблағ 329 ҳазору 326 сомониашро барои таъмин намудани маводҳои рекламавӣ ва дигар молу ашёҳои лозима хароҷот карда, боқимонда маблағи 184 ҳазору 39 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонааш ба давлат зарари калони моддӣ расонид”.

Агентӣ гуфт, дар робита ба ҳолати мазкур нисбати Муродҷони Маҳмадулло бар асоси моддаҳои 24, қисми 4, банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

Маълум нест, ки оё Муродҷони Маҳмадулло дар давраи тафтиши парвандааш дар боздошт қарор дошт ё дар озодӣ?

Вале акнун ба ӯ  бар асоси моддаи 323 барои сохтакорӣ бо сӯиистифода аз мансаб ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ ё тақрибан 6 доллар) ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3сол ё бидуни он  таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба ӯ бар асоси қисми чоруми моддаи 245 барои тасарруфи маблағи махсусан бузург ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо иттҳоми тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва ҳатто бо пора ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон моҳи сентябр хабар дода буд, ки танҳо дар як мактаби миёнаи №2 шаҳри Кӯлоб ва танҳо аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ин мактаб тасарруфи маблағҳои давлатӣ ба маблағи қариб 900 ҳазор сомониро ошкор карда, ба зидди муҳосиби ин мактаб Абдуҷаббор Холиқов парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button