ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ҲУКМИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ ДУЗДИИ 700 РУБЛ

Додгоҳи ноҳияи Новгороди шаҳри таърихии Великий Новгороди Русия шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон Абумутолиб Ҳасановро бар асоси қисми сеюми моддаи 158 Кодекси ҷиноятии Русия дар дуздии пул аз корти бонкӣ гунаҳкор шинохт ва ба 6 моҳи зиндонӣ шартӣ маҳкум кард.

Худи ин ҷавони тоҷик барои шарҳи қазия дастрас нест, вале додситонии вилояти Новгород рӯзи 9 ноябри соли 2022 хабар дод, ки моҳи октябри соли 2021 Абумутолиб Ҳасанов  дар назди яке аз биноҳо дар кӯчаи Бредова-Зверинаяи шаҳри Великий Новгород корти бонкиро ёфта, ба ҷои он ки онро бурда, ба пулис бисупорад, бо кумаки ин бонк дар чанд мағозаи шаҳр ба маблағи беш аз 700 рубле (каме бештар аз 10 доллар) харид кардааст. Қарори маълум, бисёрии кортҳои  бонкӣ дар Русия барои харид ба маблағи то 1000 рубл пин-код талаб намекунанд.

Дар иттилоияи додситонии вилояти Новгород гуфта мешавад, ки ҷавони тоҷик гуноҳро ба гардан гирифта, зарари ба соҳиби корт расондаашро барқарор кардааст. Додгоҳ бо дарназардошти  мавқеи додситонӣ, Абумутолиб Ҳасановро ба ним соли зиндони шартӣ маҳкум карда, барояш 6 моҳи муҳлати санҷишӣ муқаррар кардааст.

ФСИН, идораи зиндонҳои Русия бори охир ду сол пеш хабар дода буд, ки дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд ва беш аз 1200 тани дигар дар боздоштгоҳҳои ин кишвар мунтазири анҷоми тафтиши парвандаҳояшонанд.  Як қисми онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир, қисме барои тақаллуби аснод ваё убури ғайриқонунии марзҳои Русия зиндонӣ шудаанд. Ҳамин тавр, даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон дар маҳбасҳои Русия барои аъмоли ҷиноие, чун дуздию ғоратгарӣ ва ҳатто бандитизму одамкушӣ низ адои ҳукм мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button