ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК ЗАНИ СОЛХӮРДА ДАР САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ҒӮЛАКАНДОЗ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 8-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 13:00, ронандаи мошини тамғаи “БМВ-525”, Ғаниев Бахтиёр Алиевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Спитамен – Ғӯлакандоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни чапи дарвозаи даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири ин мошин Авезова Розия Мавлоновна, соли таваллудаш 1945, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда, Ғаниев Б.А. ва мусофирони дигари ин мошин ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.

ВКД қаблан хабар дода буд, ки дар поёни ҳафтаи гузашта, рӯзҳои 4-6 ноябри соли 2022, дар 4 садамаи маргбор дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар ноҳияҳои Данғара ва Восеъи  вилояти Хатлон 8 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button