ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ДАР ДУШАНБЕ НАМОЯНДАГИИ МАРКАЗИ САХАРОВО БА КОР САР КАРД

Маркази муҳоҷирони шаҳру вилояти Маскав, маъруф ба Маркази Сахарово (ММЦ Сахарово) рӯзи 9 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон намояндагиашро расман боз кард. Тоҷикистон алакай дуюмин кишварест, ки Маркази Сахарово бо мақсади ташкили ҷамъоварии муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ намояндагиашро мекушояд. Дафтари Маркази Сахарово дар Ӯзбекистон соли 2021 боз шуда буд.

Мария Багреева, вазири ҳукумати Маскав ва раҳбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди ин шаҳр дар маросими ифтитоҳи намояндагии Маркази Сахарово дар Душанбе гуфт, ҳадафи асосии он кумак ба сокинони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор дар шаҳру вилояти Маскав аст.

“Кушода шудани намояндагии Маркази муҳоҷирон ба рушди минбаъдаи равобити дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди байни Маскаву Душанбе мусоидат мекунад. Намояндагӣ ҳамроҳ бо ниҳодҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷустуҷӯ ва интихобу ҷамъоварии коргарони соҳибтахассус барои тарҳҳои муҳими шаҳру вилояти Маскав дар соҳаҳои нақлиёт, сохтмон ва ЖКХ машғул хоҳанд шуд. Ин имкон медиҳад, ки як механизми муассири ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба корхонаҳои пойтахти Русия бунёд гардад “, – нақли қавл мекунад ТАСС  аз суханронии Багреева дар ин маросим.

Намояндагии Маркази Сахарово дар Душанбе хазинаи ҷойҳои кори холӣ ва довталабони ҷои корро таҳия карда, бо довталабон суҳбатҳои онлайн ташкил мекунад ва ҳам сатҳи тахассуси онҳоро месанҷад. Дар ин марказ ҳамчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавриди қоидаҳои будубош дар Русия ва тартиби гирифтани корти муҳоҷират машварат дода,  дар мавриди чӣ гуна пур кардани ариза барои патент кумак мерасонанд ва барояшон дар хариди чиптаи сафар ва гирифтани навбат дар Маркази Сахарово дар Маскав низ ёрӣ медиҳанд.

Мария Багреева гуфт:“Аз 800 ҳазор патенте, ки ҳар сол дар шаҳру вилояти Маскав медиҳанд, нисфаш ба шаҳрвандони Тоҷикистон дода мешавад. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 48% аз ҷамъи патентҳои дар Маркази Сахарово додашуда ба шаҳрванди Тоҷикистон дода шудааст.  Дар аввали моҳи ноябри соли 2022 дар шаҳру вилояти Маскав беш аз 400 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебурданд, ки 80 фоизи онҳо муҳоҷирони корианд. Бештари онҳо дар соҳаи сохтмон кор мекунанд”.

Ифтитоҳи намояндагии Маркази Сахарово дар Душанбе дар чорчӯби иҷлосияи 18-уми комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русияву Тоҷикистон сурат гирифт. Ин иҷлосия низ дар Душанбе доир шуд.

Ҳар сол беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори ин кишвар ба ҷустуҷӯи кор ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Бахши аъзами онҳо дар шаҳру вилояти Маскав кор меҷӯянд. Соли гузашта аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар пул фиристода буданд. Пулҳои аз Русия фиристодаи муҳоҷирон манбаи асосии таъмини зиндагии аксари оилаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Маълумоти бештар дар сомонаи Марказ: orgnabor.mos.ru.

Маълумоти бештар бо рақами: +992 44 377 55 55.

Суроғаи намояндагии Маркази Сахарово дар Душанбе: кӯчаи С.Айнӣ, 129 (дар паҳлуи кинотеатри “Зебуниссо”). 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button