ВарзишВидеоҶанг дар Украина

ЗАМОН ВА МАКОНИ БОЗИИ ДӮСТОНАИ ТИМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ДАҚИҚ ШУД

Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 29 октябри соли 2022 дар саҳифааш дар Фейсбук хабарҳо дар бораи бозии дӯстонаи тимҳои футболи Тоҷикистону Русияро расман тасдиқ кард.

Бино ба иттилои ин ниҳод, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия барои баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Вохӯрии дастаҳои Тоҷикистону Русия рӯзи 17-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки он метавонад 20 ҳазор тамошобинро ҷамъ оварад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Қаблан Тоҷикистону Русия дар сатҳи тимҳои миллӣ ҳеҷ гоҳ вонахӯрда буданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ёдрас кардааст, ки дар раддабандии ФИФА мунтахаби Русия дар зинаи 33-юм ва тими миллии Тоҷикистон дар мавқеи 108-ум ҷой гирифтаанд.

Тавре қаблан хабар додем, тими миллии футболи Русия, ки ба далели ҷанги Русия ба зидди Украина аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шуда, бе рақибони ҷиддӣ мондааст, дар ҷустуҷӯи рақибон барои бозӣ рӯ ба Осиёи Марказӣ овардааст.

Тими зери раҳбарии Валерий Карпин алакай рӯзи 24 сентябри соли 2022 дар Бишкек бо тими миллии Қирғизистон як бозии рафиқона анҷом дода, бо ҳисоби 2:1 баранда шуд. Ҳисобро дар ин бозӣ Алимардон Шукуров дар дақиқаи 24-ум кушод, вале Александр Соболев алакай дар дақиқаи 30-юм ҳисобро аз пеналти(зарбаи 11-метра) баробар кард ва дар дақиқаи 89-ум, дар охирин дақиқаҳои бозӣ Даниил Уткин боз як голро ба саман расонд ва тақдири ин бозиро ба нафъи тими Русия ҳал кард. Вале бояд гуфт, ки ФИФА натиҷаҳои ин бозиро ба назар нагирифт.

Акнун тими Русия бо Тоҷикистону Ӯзбекистон бозиҳои рафиқона мегузаронад. Бозии Русия бо Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр дар Душанбе ва бо Ӯзбекистон рӯзи 20 ноябр дар Тошканд доир мешаванд.

Ин нахустин бозии байни тимҳои Русия ва Тоҷикистон аст. Тими миллии Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА дар зинаи 108-ум қарор дорад, вале имсол бори аввал дар таърихаш барои роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё вориди мубориза шуд. Тими миллии Ӯзбекистон дар рейтинги ФИФА дар мақоми 77-ум  ва Қирғизистон дар зинаи 95-ум ҷой гирифтаанд. Тими Русия бо вуҷуди чанд моҳи дур карда шуданаш аз иштирок дар мусобиқаҳо дар рейтинги ФИФА дар мақоми 33-юм, байни Тунису Нигерия аз боло ва Австрияву Чехия аз поён қарор дорад.

Хабари бозии рафиқонаи тими миллии Русия бо Тоҷикистон дар байни мухлисон вокунишҳои мухталиф ба бор овардааст. Вале мутахассисони футболи Русия, аз ҷумла дарвозабони шуҳратёри тими яккачини СССР Ринат Дасаев, бар инанд, ки дар шароити кунунӣ тими Русия интихоби зиёд надорад ва  барои ҳифзи таҷрибаи бозӣ бояд бо ҳар рақиби мумкин  бозӣ кунад. Вячеслав Колосков, президенти ифтихории Иттиҳоди футболи Русия гуфт, “албатта, ин Бразилия ё Аргентина нест, вале мо интихоби дигаре надорем. Муҳим таҷрибаи бозист, на ин ки ба муқобили кӣ бозӣ кардан”.

Хабари омодагӣ ба бозиҳои рафиқонаи Русия бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ба маъноест, ки Русия дигар ба имкони баргузории бозиҳои рафиқона бо тимҳои Эрон ва Босния ва Ҳерзеговина умед намебандад. Дар Эрон хеле машғул будани тими миллиашон дар арафаи чемпионати ҷаҳонро, ки аз 20 ноябр то 18 декабри соли ҷорӣ дар Қатар мегузарад, далел овардаанд.  Босния них то ҳол посухе надод, ки оё барои анҷоми бозии рафиқона бо Русия, ки мебоист рӯзи 19 ноябр дар Санкт-Петербург доир мешуд, меояд ё на?  Дар ҳамин рӯзҳо (17 ва 20 ноябр ба нақша гирифтани бозиҳо бо Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ва Тошканд маънои онро дорад, ки бозии Русия бо Босния бекор карда шудааст.

Ду ситораи асосии футболи Босния Эдин Ҷеко  ва Миролим Пянич ба далели ҷанги Русия ба зидди Украина  қатъиян мухолифи бозии тими миллиашон бо Русия буданд.

Дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, ФИФА ва УЕФА тими Русияро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карданд. Тими миллии Русия аз ҷумла аз ҳаққи идомаи мубориза барои охирин роҳхатҳо ба Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки моҳи оянда дар Қатар шурӯъ мешавад, маҳрум гардид ва бе роҳхат монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button