ВидеоМуҳоҷирон

ТӮЙИ АРӮСИИ ЖУРНАЛИСТИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ГАНҶИНАИ ГАНҶ (ВИДЕО)

Ганҷинаи Ганҷ, хабарнигори собиқи ҳафтаномаи “Фараж” ва радиои Озодӣ, ки аз соли 2017 дар Олмон кору зиндагӣ мекунад, издивоҷ кардааст. Тӯйи арӯсии Ганҷинаи Ганҷ шоми 28 октябри соли 2022 дар Олмон баргузор шуд. Чанд видео аз маросими арӯсии ин журналисти тоҷикро  Бахтиёр Аминӣ, адиби тоҷики муқими Олмон дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард.

Дар видеоҳо дида мешавад, ки тӯйи арӯсии Ганҷинаи Ганҷ бо иштироки меҳмонони зиёди тоҷик мегузарад ва дар толор мусиқиҳои тоҷикӣ садо медиҳанд.

Ганҷинаи Ганҷ зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва хатмкардаи риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аввал дар ҳафтаномаи “Фараж” ва Маркази таҳиқоти журналистии Тоҷикистон ва ахиран то моҳи марти соли 2016 дар бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар Душанбе кор кардааст.

Аҳли сомонаи “Бомдод” ба Ганҷинаи Ганҷ дар зиндагиаш саодату хушбахтӣ орзу мекунад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button