ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 8 ҲАЗОР ДОЛЛАР АЗ ХОНАИ ЯК ЗАНИ СОКИНИ ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 29 октябри соли 2022 аз ошкор шудани дуздии 8 ҳазор доллар аз манзили як зани сокини шаҳри Душанбе хабар дод.

Бино ба ин хабар, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 38-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 23-юми октябри соли 2022, тахминан соати 01:20-дақиқа, марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо воситаи интихоби калид ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 8 ҳазор доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Чанд рӯз қабл ВКД хабар дода буд, ки як марди 45-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки шаби 22 октябр, тахминан соати 21:30, пинҳонӣ ба дохили корхонаи ҶДММ «Пайванд», воқеъ дар кӯчаи Чортеппа даромада, аз дохили сандуқчаи оҳанин (сейф) 33 ҳазору 700-доллари амрикоиро дуздидаааст. Дар гузорише, ки ахиран дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта шуд, ки  марди дастгиршуда ронандаи ҳамин корхона Акрамов Илҳом Султонович, соли таваллудаш 1977, мебошад. Худи Акрамов дар ин гузориш нақл кард, ки аз тиреза вориди коргоҳ шуда,  калидро аз мизи кории мудири ширкат гирифт ва баъди сейфро кушодани гирифтани пулҳо боз бо тиреза корхонаро тарк кард. Пулҳои дуздидаро кормандони милитсия аз хонаи Акрамов дар кӯчаи Меҳнатобод пайдо ва ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд.

Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, тақрибан чоряки тамоми ҷиноятҳои дар кишвар содиршударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 2858 ҷинояти дуздӣ сабт шудааст. Дар ҳамин давраи як соли қабл дар ҷумҳурӣ 3566 ҷинояти дуздӣ сабт шуда буд. Вале ба бовари бисёриҳо, шумораи воқеии ҷиноятҳои дуздӣ хеле бештар аз ин рақамҳои расмист. Дар бисёр мавридҳо онҳое, ки ҳадафи дуздӣ қарор мегиранд, ба мақомот муроҷиат намекунанд. Мавридҳое ҳам ҳаст, ки ба гуфтаи сокинон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири зиёд нашудани шумораи ҷиноятҳои нокушода шикоятҳои шаҳрвандонро дар мавриди дуздидану молу пулашон  сабт намекунанд.

Моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 500 то  2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё ҳудуди 6 доллари амрикоист) ваё ҳукми зиндон ба муҳлати аз чанд моҳ то 12 солро пешбинӣ мекунад.https://youtu.be/y6pOul-2VjE?t=426

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button