ТоҷикистонФарҳанг

АДИБИ ЯМАНИРО ЗЕБОИҲОИ ТАБИАТИ ТОҶИКИСТОН ВА МЕҲМОННАВОЗИИ МАРДУМИ ТОҶИК ТАСХИР КАРДААСТ

Адиби яманӣ Абдулҳамид Ал-Кбӣ дар як мақола, ки ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристодааст, навиштааст, ки Тоҷикистонро як самти нотакрор барои рушди туризм мешуморад. Ал-Кбӣ менависад, дар Тоҷикистон ӯро нафақат табиати зебо (Искандаркӯл ва кӯҳҳои Помир), балки меҳмоннавозии мардуми тоҷик низ ба ваҷд овард. Ба ақидаи адиби яманӣ, ин меҳмоннавозӣ дар қалбу хуни мардуми тоҷикҳо нуҳуфтааст ва баёнгари намояндаи як тамаддуни баланд будани ин мардум аст. Ал-Кбӣ  мутмаин аст, ки маҳз ҳамин анъанаи меҳмоннавозии гарми мардумаш метавонад як василаи асосӣ барои ҷалби сайёҳон аз саросари ҷаҳон ба Тоҷикистон ва табдили ин кишвар ба яке аз марказҳои умдаи туризм дар ҷаҳони муосир шавад. Адиби яманӣ бар ин аст, ки бо доштани ин се чиз: табиати зебо, маконҳои зиёди диданӣ ва мардуми меҳмоннавозаш Тоҷикистонро ояндаи барҷастае дар бозори туризм дар пеш аст.

Тоҷикистон як самти нотакрор барои рушди туризм аст

Муаллиф: Абдулҳамид Ал-Кбӣ, адиби яманӣ

Тоҷикистон бо зарфиятҳои нотакрори туристиаш фарқ мекунад. Ин зарфиятҳо аз ҷумла ёдгориҳои таърихиву археологӣ ва фарҳангиро фаро мегиранд, ки то ҳол ҳифз шудаанд ва ҳамчунон барои кишвар самар меоранд. Тоҷикистон чандин вижагиҳои нодире дорад, ки ин кишварро ба як макони нотакрор мубаддал мекунанд. Ба ҳамин далел, ин кишвар барои меҳмонон ва сайёҳоне ба як макони орзу ва яке аз самтҳои асосии туристии даврони муосир табдил ёфтааст.

Тоҷикистон кишварест гуногунранг ва барои табдил ёфтан ба як самти умда барои сайёҳон қадамҳои бузурге ба сӯи пеш мондааст. Ва ман бар инам, ки Тоҷикистонро ояндаи барҷастае дар пеш аст.

Туризм дар Тоҷикистон бо шарофати таваҷҷуҳи президенташ Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти давлатиаш ба ин соҳа, ҳамчунин бо шарофати бунёди зербиное, ки бар иловаи маконҳои диданӣ ва табиати зебо ба ҷалби шумори ҳарчӣ бештари сайёҳон мусоидат мекунад, рушд кардааст.

Искандаркӯл, ки яке аз зеботарин маконҳо барои гардиш ва оббозист, дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Бар илова, ин кишвар пойтахти зебое бо номи Душанбе ва кӯҳҳои Помиру боз чандин шаҳру маконҳои дидании нотакрор дорад. Бар ииловаи ин ҳама, табиати хеле орому сулҳомези мардуми тоҷик низ шоистаи зикр аст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, ки ба меҳмонон ва  сайёҳон ҳар ёрии лозимро бирасонанд ва дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ кунанд. Ба хусус бо шарофати меҳмоннавозии гарми худ, анъанае, ки дар қалбу дар хуни мардуми тоҷик ҷой гирифтааст. Ин анъана баёнгарди намояндаи як тамаддуни баланд будани ин мардум аст ва таваҷҷуҳи вижаи меҳмонону сайёҳонро ҷалб мекунад.

Tajikistan is a unique tourist destination

 By  Abd al-Hamid al-Kbi, a Yemeni writer

 Tajikistan is characterized by unique tourism potentials, starting with historical monuments, cultural and archaeological heritage and tourism that continues to live and give, and is characterized by distinctive and unique characteristics, which makes this country unique.  The Republic of Tajikistan has become a passion for followers, visitors and tourists, as it has become a destination for them in the modern era. Tajikistan is a completely diverse country, and it has become a major destination for tourists and visitors despite its modern independence, so it has taken great strides forward, and I expect it to have a brilliant future.

 Tourism in Tajikistan is flourishing in light of the official interest of President Emomali Rahman and the government’s authority on tourism, and as a result of providing the infrastructure that contributed to its consolidation, and the attraction of tourists to it, in addition to its landmarks, which are very diverse and their beautiful nature, and Tajikistan includes (lake  Iskandar Kul) and is considered one of the most beautiful areas, hiking and swimming,

  In addition to that (the capital, Dushanbe), the Pamir Mountains, and many unique and developed luxury cities and tourist sites, and what is also remarkable is the very peaceful nature of the Tajik people.

 The citizens of Tajikistan do everything in their power to help visitors and tourists and take care of them with methods and arts that attract advanced hospitality methods, as they are deeply rooted and rooted among the Tajik people, who are the heirs of a high civilized position and remarkable for the attention of followers, visitors and tourists, as they are in line with the requirements of the new era.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button