ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

ЗОДАИ БАДАХШОН РУСЛАН ЛАШКАРБЕКОВ БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Руслан Имомёрович Лашкарбеков, санаи таваллудаш 17 марти соли 1989, бо ҳукми додгоҳе дар Душанбе ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора  рӯзи 27 октябри соли 2022 бо истинод ба як манбаи беном дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Бино ба иттилои Саркорова, додгоҳ ҳанӯз рӯзи 28 сентябр доир шуда ва Руслан Лашкарбекови 33-соларо бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 35, қисми 1 ва моддаи 182, қисми 2 дар иштирок дар ғасби биноҳо гунаҳкор шинохтааст. Тафсилоти дигари ҳукм ва инки Лашкарбеков оё кай, дар куҷо ва кадом биноро ғасб кардааст?, дастрас нест.

Руслан Лашкарбеков помириюласл буда, зодаи деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як минтақаи мухтор дар шарқи Тоҷикистон аст.

Анора Саркорова хабар дод, ки Руслан Лашкарбеков 2 августи соли 2022 дар шаҳри Маскави Русия дастгир шуда буд.

“Ҳангоми боздошташ ӯ аз тирезаи қабати дуюми бино худро партофт. Вале 3 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, ки ӯро дар поёни бино мепоиданд, Лашкарбековро дастгир карданд”, – менависад Саркорова.

Мақомоти Русия ӯро хеле зуд ба ҷониби  Тоҷикистон супурданд ва алакай рӯзи 4 август Лашкарбековро аз Маскав ба Душанбе оварда, дар СИЗО маҳкам карданд.

“Касе аз хешовандонашро на дар бораи истирдоди Руслан Лашкарбеков ба Душанбе, на дар бораи иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда хабардор накарданд. Тафтишот ва мурофиаи додгоҳии ӯ пушти дарҳои баста, бидуни иштироки адвокат доир шудааст”, – хабар медиҳад Саркорова. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар мавриди истирдоду ҳукми Лашкарбеков ягон тафсилот надодаанд.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз нирӯҳои вижаи мусаллаҳ саркӯб карданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар кушта шуда, дар бораи боздошти беш аз 200 зодаи Бадахшон дар ин вилоят ва берун аз он хабарҳо ба даст расиданд. Беш аз 20 зодати Бадахшон, асосан роҳбарон ва фаъолони ҷамъияти помириҳоро аз Русия дастгир карда, оварданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар аввали моҳи октябр ҳалокати 32 нафар, аз ҷумла 29 сокини Бадахшонро дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ тасдиқ кард ва гуфт, парвандаҳои 109 сокини ин минтақа ба додгоҳ рафта ва 77 нафар алакай маҳкум шудаанд.

Мақомот мегӯянд, дар Бадахшон эътирозгарон бо гуруҳҳои муташаккилона ҷиноятӣ якҷо шуда, бо дастури гуруҳҳои мамнӯи ифротӣ аз хориҷ амал мекарданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯи ва куштори тазоҳургарони осоишта дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои моҳи май дар “Боми ҷаҳон” айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button