ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕО: МУСОДИРАИ 11 КИЛО МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ВИЛОЯТИ СУРХОНДАРЁИ ӮЗБЕКИСТОН

Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар вилояти бо Тоҷикистону Афғонистон ҳаммарзи Сурхондарё ҳамроҳ бо кормандони боҷхона ва милитсия аз фаъолияти як гуруҳи фаромарзии қочоқбар, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба Ӯзбекистон машғул буд, ҷилавгирӣ кардаанд. Маркази матбуоти Хадамоти амниятии давлатии Ӯзбекистон рӯзи 27 октябри соли 2022 бо нашри як видео дар Телеграм-канали ин идора хабар дод, ки дар маҷмӯъ дар ҷараёни амалиёти вижа 11 нафар дастгир ва аз онҳо беш аз 11 кило ҳашиш ёфт ва мусодира шудааст.

Дар марҳалаи аввали амалиёт дар ноҳияи бо шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ҳаммарзи Сариосиё як мошини тамғаи “Ласетти”, ки дар он 3 сокини ноҳияҳои Шӯрча ва Узун, аз ҷумла 2 нафари қаблан ҳам зиндонишуда савор буданд, манъ карда шуд. Аз ин мошин 670 грамм ҳашиш ёфтанд. Тафтиш нишон дод, ки онҳо ин маводи мухаддирро дар ивази 2800 доллар аз як сокини қаблан ҳам барои қочоқи маводи мухаддир судшудаи ноҳияи Сариосиё, соли таваллудаш 1976 харидаанд. Ин фурӯшандаи маводи мухаддир низ дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои Маҳлиё Валиқулова, сухангӯи Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон, дар марҳалаи дуюми амалиёт дар посгоҳи “Дарбанд” дар ноҳияи Бойсун мошини тамғаи “Нексия 2”, ки дар дохилаш 3 сокини ноҳияи Узун савор буданд, манъ ва тафтиш карда шуд. Аз ин мошин 9 килою 410 грам ҳашиш пайдо карданд. Гуфта мешавад, дар рафти тафтиш маълум карда шуд, ки ин борро қочоқбарон аз Тоҷикистон ба ноҳияи Узун овардаанд ва ин се сокини Узун онро барои фурӯши минбаъда ба вилояти Самарқанд мебурданд.

Дар идомаи амалиёт дар ноҳияи Нуробод боз се сокини шаҳрҳои Самарқанду Анидҷон низ ҳангоми гирифтани як қисми ин маводи мухаддир ба даст афтоданд.

Ҳамин тавр, мақомоти амнияти аз хонаи як сокини ноҳияи Деҳнав, соли таваллудаш 1971, боз 964 грамм ҳашишро пайдо ва мусодира кардаанд.

Нисбат ба ҳамаи ин 11 нафари дастгиршуда парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудааст, тафтишро раёсати амнияти давлатии вилояти Сурхондарё пеш мебарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button